Писарамро баргардонед!

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррир - Хоҷаев Фазлиддин) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст

Писарамро баргардонед!

Мегӯянд, ки бадбахтӣ ҳамеша беихтиёр меояд. Дар оилаи Мансуровҳо низ чунин ҳолат рух дод. Баҳори соли 2018 писари калонӣ Мазбутҷон дар хизмат то мурдан латукӯб шуд ва волидонаш то ҳол гунаҳгоронро меҷӯянду талоши талаб кардани ҷазои қонунӣ доранд…

Мазбутҷон Мансуров соли 1997 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Дар мактаб донову аълохон буд. Ба мактаби ихтироъкорони ҷавон мерафт, ҷое, ки ихтирои ӯ - комбайни гандумдарав дар шаҳр ҷойи якумро гирифт. Ӯ то даври мусобиқаи вилоятӣ расид, ҷойи намоёни фахриро ишғол кард.

Омӯзгорон, бешубҳа, бо шогирди худ ифтихор мекарданд. Ҳамеша ӯро ба дигарон намунаи ибрат нишон медоданд ва ба волидайнаш барои тарбияи чунин писар изҳори сипос менамуданд.

Замони дар синфҳои болоӣ хондан Мазбутҷон ба литсейи Исфара гузаронида шуд, ки онро соли 2015 бо баҳои аъло хатм кард. Тамоми аҳли оила барои писар хурсандӣ карданд, акнун ӯ барои идомаи таҳсил дар Донишкадаи куҳӣ-металлургӣ роҳхат гирифта буд. Аммо хост, ки аввал қарзи ватанро адо намояд. Бе маслиҳату розигии волидайн ӯ ба комиссариати ҳарбӣ ариза навишт ва ба хизмат рафт.

4-уми апрели соли 2016. Навдаъватшударо барои хизмат ба қисми назоратии наздисарҳадии Панҷ равон карданд. Ӯ зуд бо ҳамхизматон, афсарон ва сардор забон ёфт. Донишҳои техникӣ барои зуд аз худ намудани алоқаи телефонӣ кумак кард. Боз, ӯ хеле меҳнатдӯст буд ва ба нигоҳубини дарахтон оғоз кард. Дар қитъаи хурди замин полез пайдо шуд ва рӯйхати хӯрокаи сарбозон бо сабзавоти тару тозаву кабудӣ такмил гардид. Ҳамаи ҳамхизматон ва роҳбарият ӯро эҳтиром мекарданд. Аз ҳамин ҷо рушди касбиаш боло рафт. Сарбоз рутбаи сержанти калон гирифт. Чанд бор сардорҳо ҳатто ба ҷамоат сипоснома равон карданд.

Соли 2017 дар Тоҷикистон посгоҳи нави сарҳадӣ дар Ҷайҳун, воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кушода шуд. Мазбутҷон ба посгоҳи сарҳадӣ ба сифати алоқачии калон равон карда шуд. Ба ӯ ихтисосаш писанд буд. Боре ӯро ба рухсатии 10-рӯза равон карданд, вале пас аз як ҳафта аз хона берун шуд. Гуфт, ки вақти ба хизмат баргаштанаш шудааст.

22-юми марти соли 2018. Дар ин рӯз Мазбутҷон ҳамроҳи ҳамхизматон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ҳамаи «меҳтарон» роҳкиро ва либоси нав гирифтанд. Дар ин лаҳзаҳо дар сари ҷавон мақсаде пайдо шуд, ки  хизматро идома медиҳад. Аҳли оила бошанд, омадани ӯро интизор буданд. Хонаро таъмир карданд, ба тӯй омодагӣ медиданд. Мехостанд, ки ӯро баъди омаданаш барвақттар оиладор кунанд. Мазбутҷон ҳам мехост зудтар хурсандиҳоро бо волидонаш қисмат кунад. Ба хона занг зад ва як соати дароз бо ҳамаи наздикон суҳбат кард. Гӯё ҳис мекард, ки бояд ба ҳамаи наздиконаш суханҳои муҳимтаринро гӯяд.

24-уми марти соли 2018. Телефон занг зад. Он занг ҳамаро чапагардон кард. Мардон - падари Мазбутҷон ба шунидааш бовар намекард.

«Писаратон кӯррӯда шудааст. Ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале, мутаассифона ҷарроҳиро бардошт накард. Ҳамдардии маро қабул кунед»,- садо омад аз гӯшӣ…

Ин монанд ба хоби даҳшатнок буд. Охир, дирӯзакак онҳо бо телефон суҳбат доштанд ва Мазбутҷон аз чизе шикоят надошт...

25-уми марти соли 2018. Рӯзи дигар ба хона ҷасади Мазбутҷонро оварданд, ки аз сар то по бо кафан печонида шуда буд. Одамони зиёде ҷамъ омаданд. Ҳама ғусса мехӯрданд. Яке чизе меовард, дигаре ҷой омода мекард. Танҳо волидайн на ҳаракат карда метавонистанд, на гиристан. Ба онҳо аз саҳар сӯзандоруи оромкунанда гузаронида буданд. Модар дақиқае ҳам аз назди ҷасади писараш дур намешуд. Мехост ба рӯяш бори охирин нигоҳ кунад, бо ӯ хайрухуш намояд. Аммо сардорҳо иҷозат надоданд. Мақсуд - падари Мазбутҷон фаҳмид, ки ин ҷо чизе номафҳум аст. Ҳеҷ мумкин нест, ки ҳамин хел осон ҷавонписари боқувват ва солим ҳангоми ҷарроҳии кӯррӯда бимирад. Таъсири сӯзандору заиф гардид. Мақсуд аз ноумедиву алам ба низомиён дарафтод. Пеши роҳи ӯро ҳамсояҳову хешовандон гирифтанд. Ҷасади Мазбутҷонро шустанд ва ӯро тибқи анъана ба роҳи охират гусел карданд...

Муддати зиёд касе намедонист, ки дар асл чӣ ҳодиса рӯй додааст. Баъдан маълум гардид, ки Мазбутҷон бераҳмона латукӯб шудааст. Натиҷаҳои ташхиси судӣ-тиббӣ нишон доданд, ки ҷавон дар натиҷаи задани зарбаи сахт бо дастаи бел, ки ба даридани испурҷ ва хунравии шадид оварда расонидааст, ба ҳалокат мерасад.

Мурофиаи судӣ баргузор шуд. Ба волидайни сарбоз гуфтанд, ки гунаҳгорон - капитан Меҳриддин Нуров, ки писари онҳоро бераҳмона латукӯб кардааст ва лейтенанти калон Идимат Пиров ба муҳлати 18-солӣ аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Аммо баъдтар фаҳмиданд, ки айбдори асосӣ - Нуров, ки бо дастаи бел Мазбутҷонро задааст, бо ҳукми суд 2 сол ҷазои маҳрумияти шартӣ аз озодӣ гирифтааст.

Оилаи Мансуровҳо бо ҳукми суд розӣ нашуданд ва барои дарёфти кумаки адвокатӣ муроҷиат карданд. Қисмат онҳоро бо ҳимоятгарони ҳуқуқи ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ошно кард. Адвокатҳои ташкилот ба ҳайси ҳимоятчии ин оила дар мурофиаи судӣ нисбати афсари дуввум баромад карда, ҳангоми пурсиши шоҳидон бошад, ба онҳо муяссар гардид, ки далелҳои нав ба навро ба манфиати фарзияи марги зӯроваронаи ҷавон муайян намоянд.

Сабти видеокамераи назоратӣ исбот кард, ки аввал Мазбутҷонро сахт латукӯб мекунанд ва сарфи назар аз он, ки ҳолаташ бад мешавад, мегузоранд, то 10 соати расо дар казарма бихобад. Танҳо баъди дарки он ки кор бад аст, ӯро ба беморхона мебаранд, аммо ба духтурон мегӯянд, ки хӯрокро зиёд истеъмол намудаву шикамаш дард кардааст. Дар навбати худ, табибон бепарвоӣ карда, беморро бетаваҷҷуҳ мемонанд.

Нисфи шаб, пас аз 13 соати ҳодиса Мазбутҷон аз ҳуш рафт. Табибон ӯро ташхиси ултрасадоӣ карда, диданд, ки дар шиками мизоҷ хуни зиёд ҷамъ шудааст. Ҳар як дақиқа баҳисоб ва ҷарроҳии фаврӣ лозим буд. Ҷарроҳон тасмим гирифтанд, ки ҷарроҳиро бидуни мадҳушсозӣ гузаронанд, аммо аллакай дер шуда буд. Сарбоз дар болои мизи ҷарроҳӣ фавтид.

Сарфи назар аз ҳолатҳои нав ошкоршуда, суд ҳукмро нисбати Нуров бетағйир мононд. Дуввум афсари айбдоршуда бошад, ҳамагӣ ба муҳлати 7 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.

Оилаи Мансуровҳо ба прокуратура ва нисбати табибон шикоят карданд. Онҳо дар навбати худ худро сафед мекарданд, ки дар бораи вазъияти сарбоз ба онҳо хабар надодаанд ва онҳо намедонистанд, ки ба ӯ ёрии фаврӣ зарур аст.

Аллакай дуюм сол аст, ки волидайни Мазбутҷон талош доранд адолатро пайдо кунанд. Модар пеши назар обу адо мешавад ва бисёр вақт танҳо як суханро ба забон меорад: «Писарамро баргардонед!».

NoTorture.Tj