Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Фаъолияти лоиҳа оид ба Протоколи Истамбулӣ (амалисозии шартҳои Истамбулӣ барои ташхиси самараноки тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон) бо дастгирии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад, Фонди Зигрид Раузинг Траст ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.
Дар давраи аз моҳи январ то моҳи марти соли 2020 гузориш «Оид ба истифодаи Протоколи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудаҳо дар муассисаҳои тиббии ҶТ» ва гузориши таҳлилӣ «Оид ба натиҷаҳои таҳлил ва баҳогузории ҳолати воқеии хадамоти судӣ-тиббии ҶТ» коркард ва дар торнамои Эътилофи зидди шиканҷа пахш карда шудааст.
Дар доираи лоиҳа таъсиси институти ташхиси ғайридавлатӣ пеш бурда мешавад. Аз ҷониби коршиносони барнома таҳлили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарии Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Грузия, инчунин қонунгузории миллӣ оид ба масоили таъсис ва фаъолияти институтҳои ташхисҳои судии ғайридавлативу давлатӣ гузаронида шуд.
Натиҷаҳои таҳлил 21-уми феврали соли 2020 дар мизи гирд бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, ВКД, СРИҶҶ ВА, марказҳои ташхиси судӣ-тиббӣ ва руҳшиносии ВТҲИА, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-криминалистии ВА, коршиноси судӣ-тиббии Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ, аъзои Эътилофи зидди шиканҷа, доираҳои академӣ, адвокатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиноси байналмилалӣ Марям Джишкариани баррасӣ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ баргузории тренингҳо оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ идома ёфт. 18-20-уми феврали соли 2020 барои омодасозии мутахассисон оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренинги серӯза гузаронида шуд, ки дар он 31 нафар (15 нафар аз Душанбе, 4 нафар аз ВМКБ, 6 нафар аз вилояти Хатлон ва 6 нафар аз вилояти Суғд) иштирок карданд.