«Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта»

«Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта» - китобе, ки дар бораи тақдири 13 сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона гардида ҳикоят мекунад.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” - ташкилоте, ки ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаҳои онҳо сарукор дорад, омода гардидааст.[1]

Дар раванди кор дар ин самт аз ҷониби ДОШ ҳудуди 40 парванда оид ба далели муносибати ғайриинсонӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ дар артиш, ки қисми зиёди онҳо бо марги сарбозон анҷом ёфтаанд, ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст.

Барои он, ки суръати фавт дар артиш дар замони осоишта боздошта шавад, ДОШ қарор додааст таваҷҷуҳи асосӣ ба худи сарбозон равона гардад. Яъне, тариқи фаҳмонидан ба онҳо, ки меҳтарсолорӣ дар артиш ба чӣ натиҷаҳо оварда мерасонад, латукӯб ва таҳқири сарбоз ба ҳаёти оила ва ҳатто ба тамоми авлод чӣ гуна таъсир мерасонад.

Мо хостем тавассути қиссаҳои оддӣ оид ба орзуву нақшаҳои ҷавононе, ки аз ҷониби ҳамхизматҳояшон маъюб карда шудаанд ва дар баъзе ҳолатҳо ҳайати афсарӣ таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд, ҳикоят намоем.

ДОШ бори дигар мехоҳад таваҷҷуҳи одамони оддӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои низомӣ ва ҷомеаи байналмилалиро ба масоили муносибати ғайриинсонӣ ва ҷазо дар артиш ҷалб намояд ва умедвор аст, ки нашри китоби мазкур ба пешгирии ин таҷрибаи шармовару марговар мусоидат мекунад.

«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» китобро дар қисмҳои низомии кишвар, миёни мақомоти низомиву давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ва ВАО паҳн менамояд.

Китоб бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон, Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон омода гардидааст.

Муаллифон: Ҷамшед Маъруфов, Гузал Маҳкамова

Муҳаррирон: Наргис Ҳамробоева, Фазлиддин Хоҷаев

Суратгир: Нозим Қаландаров

 

[1] Бо мусоидати Эътилофи зидди шиканља ба муносибати Рўзи байналмилалии њимояи ќурбониёни шиканља.

NoTorture.Tj