Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф бо адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Панҷакент вохӯрии корӣ доир кард

Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 24-уми июл дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва адвокатҳо вохӯрии корӣ доир намуд.

Роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова ба адвокатҳо ва намояндагони ТҒД-и шаҳри Панҷакент дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Эътилоф ва гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ, ки ба ҳайати он дохил мешавад, маълумот дод. Ҳамкориҳои оянда бо адвокатҳои шаҳри Панҷакент, иштироки онҳо дар парвандаҳои вобваста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон масоили гуногун, аз ҷумла иҷрои амалии қонунгузорӣ оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ ба зарардигон, дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояҳояшонро, ки дар муассисаҳои пӯшида қарор доранд, баррасӣ карданд.

Иштирокдорони вохӯрӣ тавсияҳои худро оид ба пешгирии шиканҷаву муносибати бераҳмона ва ҳамкории самаранок дар ин самт пешниҳод намуданд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шуд.

Ҳамоҳангсози ГКҲ Холматова Г. зикр намуд, ки фаъолият дар самти ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои мубориза зидди шиканҷа хеле муҳим буда, аз иштирокдорон даъват кард, то масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ намоянд.

NoTorture.Tj