“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар давраи пандемия ба беш аз 400 оила кумак расонид

Дар моҳҳои май-июни соли 2020 ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои фаъолони вилоятҳои Хатлону Суғд 90 маҷмӯаи воситаҳои муҳофизати шахсӣ (ниқоб бо пардаи муҳофизатӣ, респираторҳо, антисептикҳо, сипарҳо, дастпӯшакҳо), инчунин витаминҳо харидорӣ намуд. Воситаҳо бо дастгирии молии URGENT Fund ва Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон муҳайё карда шуданд.

Варақаҳои инфографикӣ оид ба пешгирии COVID-19 бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ бо теъдоди 1000 нусха омодаву ба чоп расонида шуданд. Варақаҳо миёни аҳолии ноҳияҳои дурдасти кишвар дар якҷоягӣ бо маҷмӯаи маводҳои ғизоӣ (биринҷ, орд, равған, макарон, воситаҳои гигиенӣ ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ) тақсим карда шуданд. Умуман, дар доираи фаъолияти хайрхоҳонаи ДОШ ба зиёда аз 400 оила, бошандагони хонаи пиронсолон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд дар Деҳмойи вилояти Суғд кумак расонида шуд. Маълумоти муфассалтарро тариқи нишониҳои зерин метавон дарёфт намуд:

https://www.facebook.com/officeofcivil/posts/2536606463258073

https://www.facebook.com/officeofcivil/posts/2520314751553911

https://www.facebook.com/officeofcivil/posts/2495403480711705

Ба ғайр аз ин, коршинорсони ДОШ ба унвонии Президент, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати мудофиа ва Омбудсмен муроҷиатнома омода намуданд. Дар муроҷиатнома ДОШ аз сохторҳои номбурда даъват намуд, то иттилооти ВАО-ро оид ба ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус омӯзанд, дар мавриди пешгирӣ ва таваҷҷуҳ додан ба саломатии сарбозон чора андешанд ва ба хотири роҳ надодан ба паҳншавии COVID-19 дар сафи артиш ташхиси ҷиддии тиббиву санҷиши даъватшавандагон, инчунин рентгенография ва дигар чораҳои заруриро мадди назар дошта бошанд. ДОШ инчунин оид ба пандемияи Covid-19 ва ҳуқуқҳои инсон вебинар доир намуд, ки дар он 40 нафар иштирок карданд. Маълумоти бештар оид ба вебинар дар ин нишонӣ: https://www.facebook.com/officeofcivil/photos/a.1839768972941829/2524749524443767/?type=3&theater

NoTorture.Tj