Семинари Муфид

«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»  (Матолиби иштирокчиёни семинар)

Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.

Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.

“Семинари дурӯзае, ки 17-18 августи соли 2020 дар Осоишгоҳи “Сатурн” воқеъ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ба мавзӯи “Ҳамкорӣ ва рушди касбӣ оид ба расонаӣ кардани масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона” бахшида шуд.

Танзимгари Барномаи зикршуда Шоира Давлатова дар оғоз оид ба мақсади гузаронидани чорабинӣ муфассал маълумот дода, ба суолҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дод. Сипас, тренерҳо оид ба мавзӯъҳои мухталиф роҷеъ ба мафҳуми шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар робита бо стандартҳои байналмилалӣ дар назди ҳозирин баромад карданд.

Қобили қайд аст, ки дар рафти семинар иштирокчиён, ки намояндагони прокуратураи генералӣ, суди олӣ, сохторҳои давлатӣ, намояндагони ВАО ва дигар сохторҳо буданд, фаъолона ширкат варзида баҳсу мунозираҳо ба миён оварданд, ки ин дар ҳалли масалаҳои ҷойдошта мусоидат хоҳад кард. Аз ҷониби дигар чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки малаки кормандони марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ, инчунин ВАО-и давлатӣ оид ба расонаӣ кардани озодӣ аз шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ҷазо ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақшаи миллии Амалҳо вобаста ба иҷори тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 баланд бардошта шавад.

Семинар дар интишори мавзӯи номбурда дар матбуоти маҳаллӣ низ мусоидат менамояд. Ин масъала дар саҳифаҳои рӯзномаи ”Ҳисори Шодмон”-и шаҳри Ҳисор батадриҷ инъикос меёбад. Дар робита ба ин мо дар интишори маводҳо оид ба зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ робитаи зиҷ дорем. Ин имконият фароҳам меорад, ки сифати маводҳо дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҶТ ба табъ расад.

Семинар бо тайёрии ҳамаҷониба дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар фаъолияти минбаъдаи кормандони ВАО мусоидат хоҳад кард.

                                                                     Қурбонмурод АСОЕВ,                       

     Сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳисори Шодмон”-и шаҳри Ҳисор

Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.

Матлаби мазкур дар доираи семинари  омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблаѓгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.