Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022

«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»

(Матолиби иштирокчиёни семинар) 

Оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 

Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.

Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.

“Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Бо мақсади татбиқи нақшаи мазкур дар Агентӣ бо ҳайати шахсӣ мунтазам суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуда, дар ин суҳбатҳо оид ба роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунии таҳқиркунандаи шаъну шараф ва поймол кардани ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла дастгиршудагон, норавоии азобу шиканҷа зимни пешбурди таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ таъкид гардида, доир ба пешгирии омилҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Оид ба қатъиян риоя намудани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ доимо ба кормандон дастуру супоришҳо дода мешаванд.

Дар ин замина таҳияи чораҳои маҷмуии ташкилию муассири Агентӣ, ки ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани зуҳуроти коррупсионӣ, шиканҷа ва доир ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ба дигар зуҳуроти номатлуб равона шудаанд, асосан барои фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба шиканҷа ва дигар қонуншиканиҳо, ҳамчунин бартараф кардани сабаб ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешбинӣ гардидаанд.

Ҳамзамон дар асоси нақшаи гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои минтақавии он дарсҳои таълимӣ ҷиҳати роҳ надодан ба шиканҷа ва дигар омилҳои пастзанандаи шаъну шарафи инсон  ташкил ва гузаронида шудаанд.

Ҳамчунин кормандон дар фаъолияти худ аз меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” аз 28 июни соли 2011, Дастурамалҳои №44 аз 29 майи соли 2000 “Дар бораи тартиби ташкили кори қисмҳои оперативӣ-навбатдорӣ, муҳофизат ва гуселонидани гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон”, “Дар бораи тартиби кори Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ дар он” ва №107 аз 03 марти соли 2012 “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” самаранок истифода мебаранд.

Таъминоти моддию маишӣ ва хизматрасонии тиббӣ-санитарии Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ тибқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналдмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, тартиб ва шароитҳои нигоҳдории дастгиршуда, гумонбаршуда ва айбдоршаванда пайваста таҳти санҷиш ва назорати қатъии масъулон, прокурори назоратбаранда ва роҳбарияти Агентӣ қарор дорад.

Ҳуқуқҳои дастгиршудагон ва ҳолати нигоҳдории онҳо дар асоси талаботи моддаҳои 91 ва 92 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои болозикр таъин карда мешаванд. Дастгиршудагон пеш аз ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ворид гардидан аз ҷониби кормандони қисми тиббии Агентӣ муоина гардида, оиди вазъи саломатии онҳо маълумотномаи тиббӣ таҳия мегардад. Нисбати онҳо парвандаи шахсӣ тартиб дода шуда, бехатарии онҳо таъмин карда мешавад. Ҳамчунин ба онҳо имконият дода мешавад, ки аз лаҳзаи дастгир гардиданашон аз ҳуқуқҳое, ки дар моддаи 46 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, бархӯрдор бошанд. Аз рӯи тартиби муайнгардида, дастгиршудагон аз лаҳзаи воқеии дастгир шуданашон оиди дастгир гардидан ва ҷойи нигоҳдории онҳо хабар дода шуда, ҳамзамон тибқи талаботи қонунгузорӣ барои  вохӯрии онҳо бо аъзои оила ва хешовандони наздик  шароит фароҳам оварда шудааст.

Оид ба рафъи тамоми шаклҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ҳангоми ошкор кардани ҷиноятҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳолатҳои ғайриқонунӣ дастгир кардан, ҳабс кард тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар Агентӣ бо дастгиршудагон ва ҳабсшудагон муносибати одилона ва инсондӯстона ба роҳ монда шуда, ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо риоя карда мешаванд. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва пурзӯр намудани назорат дар биноҳои Агентӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд.    

 

Агентии назорати маводи нашъаовари

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Каломзода Ҷонмамад)»

Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.

Матлаби мазкур дар доираи семинари  омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблаѓгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.