Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2019, таҳти №27 нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлия оид ба амалӣ намудани нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 қабул карда шуд.
Вобаста ба банди 3.1 нақшаи миллии амалҳо зикр менамоем, ки вазорат қаблан лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаи 1431 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд.
Қонуни мазкур 2 январи соли 2020 қабул карда шуд. Мувофиқи он ба моддаи 143¹ Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид гардида, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи шиканҷа пурзўр карда шуд.
Вобаста ба банди 6.1 нақшаи миллии амалҳо иттилоъ медиҳем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, № 1242 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид, ки дар доираи он масъалаи таъмини расонидани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ ба дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда пешбинӣ карда шудааст.
Вобаста ба ин ҷиҳати ҷалби бештари адвокатҳо ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар мурофиаи судӣ таҳлили қонунгузорӣ, амалия ва дар ин замина ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» маҳз дар заминаи тавсияҳои мақомоти оинномавии СММ қабул карда шуд.
Ҷиҳати амалӣ кардани қонуни мазкур дар назди Вазорати адлия комиссияи тахассусӣ таъсис дода шудааст.
Аз тарафи комиссияи тахассусӣ то ин давра 84 маротиба ҷаласа баргузор карда шуда, ҳуҷҷатҳои 1081 довталаб мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Аз он 844 нафар имтиҳони тахассусиро супорида, соҳиби мақоми адвокатӣ шуданд.
Ба 226 нафар бинобар насупоридани имтиҳони тахассусӣ мақоми адвокатӣ дода нашуд.
Аз ин шумора 11 нафар бинобар мувофиқ набудан ба талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба имтиҳони тахассусӣ роҳ дода нашуданд. Мақоми адвокатии 18 нафар тибқи талаботи қонун қатъ карда шуд.
Мақоми адвокатии 34 нафар бо аризаи худашон бо қарори комиссияи тахассусӣ қатъ карда шуд. Айни замон 790 нафар мақоми адвокатӣ дошта, фаъолият менамоянд.
Бо мақсади мутобиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар самти ҳуқуқи инсон ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мувофиқи он масъалаҳои уҳдадории адвокат, соҳиб шудан ба мақоми адвокат, иҷозат додан ба имтиҳони тахассусӣ, инчунин боздоштан ва қатъ намудани мақоми адвокатӣ такмил дода шуд.
Қонуни номбурда ба талаботи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мувофиқат карда, ҳуқуқи адвокатҳоро ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ халалдор намесозад. Аз ин лиҳоз зарурати такмил додани қонуни мазкур вуҷуд надорад.
Вобаста ба бандҳои 6.3 ва 6.4 нақшаи миллии амалҳо вазорат қаблан ахбори дахлдорро 3 январи соли 2020, №5-5-10 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Илова ба банди 6.4 нақшаи миллии амалҳо иттилоъ медиҳем, ки муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон моделҳои гуногуни ёрии ҳуқуқии ройгонро амалӣ карда, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Лоиҳаҳои номбурда 22 апрели соли 2020 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Вобаста ба бандҳои 8.1 - 8.3 нақшаи миллии амалҳо иттилоъ медиҳем, ки дар панҷ моҳи соли 2020 аз ҷониби сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ якҷо бо муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВНМО» бо дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатии “Каритас Люксембург”, “ЮСАИД”, “Фонди Глобалӣ” ва ниҳоди ҷамъиятии “СПИН-плюс” бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории сил бо кормандони мақомот ва маҳкумшудагон 18 семинару тренингҳои омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Машғулиятҳои омӯзишӣ аз тарафи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуданд.
Инчунин дар байни маҳбусон 7 820 маводи иттилоотӣ вобаста ба вируси норасоии масъунияти одам ва бемории сил паҳн карда шуд.
Бо маҳкумшудагон суҳбатҳои инфиродӣ ва гурўҳӣ гузаронида шуда, маълумоти зарурӣ оид ба пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории сил роҳандозӣ гардид.
Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ 8 600 нафар маҳкумшуда аз таҳлили тестии хун оид ба вируси норасоии масъунияти одам гузаронида шуд. Дар натиҷа аз ин шумора дар 30 нафар маҳкумшуда вируси мазкур ошкор гардида, беморон сари вақт ба табобат фаро гирифта шуданд.
Табобати беморон дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВНМО” ба роҳ монда шудааст.
Мушкилот дар самти таъмини кадрҳои соҳаи тиб айни ҳол ҳаллу фасл гардида, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутахассисони ботаҷриба ба тариқи шартномавӣ дар муасисаҳои тиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ҳамзамон баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” миқдори зарурии маводҳои безараргардонӣ ва доруворӣ харидорӣ ва байни муассисаҳои тиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тақсим карда шуд.
Дар панҷ моҳи соли 2020 бо дар назар доштани бемории гуногун 45 ҳолати фавти маҳкумшудагон ба қайд гирифта шудааст. Ҳар як ҳолати фавт дар алоҳидагӣ аз тарафи масъулини саррасати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мақомоти прокуратура таҳти назорат ва санҷиш қарор дода шуд.
Азназаргузаронии ҷасади фавтида аз тарафи кормандони экспертизаи судӣ-тиббӣ гузаронида шуда, аз тарафи муассиса масъулини сарраёсат, мақомоти прокуратура ва хешовандон-наздикони маҳкумшуда хабардор карда шуданд.
Вобаста ба банди 10.2 нақшаи миллии амалҳо зикр менамоем, ки вохўрии охирин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх қаблан дар соли 2015 дар вазорат баргузор гардид.
Зимни вохўрӣ аз ҷониби вазорат пешниҳод карда шуд, ки лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар асоси қонунгузории кишвар такмил дода шуда, дар он масъалаи боздид кардан аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тибқи реҷаи нақшавӣ амалӣ карда шавад.
То ҳол вобаста ба пешниҳоди мазкур мавқеи кумитаи номбурда ба таври расмӣ пешниҳод карда нашудааст.
Вобаста ба банди 13.1 нақшаи миллии амалҳо иттилоъ медиҳем, ки лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои то соли 2025 таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар асоси таклифу пешниҳодҳои сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он барои такмилдиҳӣ ба вазорат баргардонида шуд.
Бо дар назар доштани ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодҳои мазкур, лоиҳаи стратегия такмил дода шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва такроран ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Вобаста ба банди 13.2 нақшаи миллии амалҳо зикр менамоем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати мутобиқ кардани санадҳои меърии ҳуқуқии соҳа ба талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи кишвар, беҳдошти шароити нигаҳдории маҳкумшудагон, инчунин таъмини моддӣ-техникии онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Маблағгузории низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ сол то сол меафзояд.
Ҷиҳати ба талаботҳои санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй гардонидани шароити нигоҳдории маҳкумшудагон, дар муассисаҳои ислоҳӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотӣ корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмиру тармим пайваста амалӣ карда мешаванд.
Дар панҷ моҳи соли 2020 сохтмони асосии бинои дуошёнаи истиқоматии замонавӣ барои маҳкумшудагон, комплекси бинои мутобиқсозии замонавӣ барои маҳкумшудагон бо тамоми шароити манзилию маишӣ, чор иншооти нави санитарӣ-гигиенӣ, ҳаждаҳ гармхонаҳои замонавӣ, пармакунии чоҳи амудӣ ва гузаронидани хатти оби нўшокӣ барои чор муассисаи ислоҳӣ, азнавсозӣ ва таъмири пурраи даҳ нонпазхонаҳои замонавӣ бо насби таҷҳизоти муосир, чор чойхонаи умумӣ, ҳашт ошхона, даҳҳо хобгоҳ, се толори фарҳангӣ бо ороиши миллӣ, чор сехи истеҳсолӣ, як заводи истеҳсоли хишти пухта, ду ҳавзи моҳипарварӣ, фермаҳои хурди чорводориву мурғпарварӣ ва азнавсозию сохтмони асосии якчанд иншооти замонавии хурду бузург идома дорад.
Таъсиси фермаҳои чорводорӣ, мурғпарварӣ ва ташкили гармхонаҳо дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ имконияти хуб барои таъмини маҳкумшудагон бо маҳсулоти ширӣ, гӯшт, тухм ва сабзавоти тару тоза гардидааст.
Вобаста ба банди 13.3 нақшаи миллии амалҳо меъёрҳои Қоидаҳои СММ доир ба муносибат бо занони маҳкумшуда ба лоиҳаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тағйирот ворид карда шуд.
Вобаста ба банди 13.4 нақшаи миллии амалҳо зикр менамоем, ки бо мақсади омўзонидани кормандони муассисаи ислоҳии занона бо Қоидаҳои Бангкок дар моҳи январ ва феврали соли 2020 ду семинари омўзишӣ дар ҳудуди муассисаи ислоҳии занона ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он оид ба муқаррароти қоидаҳои мазкур ва талаботи қонунгузорӣ дар ин самт маълумот дода шуд.
Гузаронидани семинари якрўза оид ба омўзиши қоидаҳои мазкур дар моҳи август ва октябри соли 2020 низ ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба банди 13.5 нақшаи миллии амалҳо раёсати тиби сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ 29 маротиба мониторинги амалишавии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2017-2020 ва Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 дар тамоми муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронид.
Вобаста ба банди 15.1-15.4 нақшаи миллии амалҳо зикр менамоем, ки таҳияи лоиҳаи тавқифгоҳи тафтишотии №1 дар ноҳияи Рўдакӣ аз тарафи ҶСК “Саноатсоз”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ҳангоми коркард ва таҳияи лоиҳаи муассиса барои адои ҷазои маҳкумшудагони ба низоми махсус ва ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум кардашуда масъалаи ба меҳнат ҷалб намудани онҳо ба инобат гирифта мешавад.
Шароити адои ҷазо барои маҳкумшудагони ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум кардашуда чун қоида дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус муқаррар карда шудааст. Онҳо аз дигар маҳкумшудагон алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамзамон бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ намудани меъёрҳои он аз ҷониби вазорат лоиҳаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Вобаста ба иҷрои бандҳои 16.1-16.4 ва 16.6 нақшаи миллии амалҳо вазорат қаблан ахбори дахлдорро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2020, №5-5-10 пешниҳод кард (замима мегардад).
Илова ба иҷрои бандҳои мазкур иттилоъ медиҳем, ки лоиҳаи Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазо намудаанд, барои солҳои 2020-2024 аз ҷониби вазорат якҷо бо вазорату идораҳо таҳия карда шуд.
Лоиҳаи барномаи зикргардида ҷиҳати иҷрои банди 21 нақшаи амалҳо оид ба амалӣ кардани Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кўдакон барои солҳои 2017-2021 омода гардидааст.
Бо дар назар доштани таклифу пешниҳодҳои сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барнома дар доираи гурўҳи корӣ такмил дода шуда, аз тарафи вазорат такроран 20 майи соли 2020, таҳти №5-5-766 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2019, №17/10-67 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намояндагони вазорат лоиҳаи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон барои солҳои 2020-2025 таҳия шуда, дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад.
Бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар самти таъмини равоншинос ба маҳкумшудагони ноболиғ аз ҷониби сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тариқи шартнома як мутахассиси соҳа ҷалб карда мешавад.
Инчунин дар ҳамкорӣ бо фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” моҳҳои март-апрели соли 2020 корҳои равонӣ-иҷтимоӣ барои офиятбахшии ноболиғон дар муассисаи нигаҳдории ноболиғон амалӣ карда шуд. Мақсади аз гузаронидан чунин чорабинӣ ҳамгироии иҷтимоии ноболиғон мебошад.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манучехр Алиев, Мутахассиси пешбари Раёсати робитахои байналмилалии хукукии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.