Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Тайи шаш моҳи аввали соли 2020 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 46 ҳолати зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, беш аз ҳама зӯроварии иқтисодӣ (22 маврид), инчунин 14 ҳолати зӯроварии ҷисмонӣ, 9 мавриди хушунати равонӣ ва як ҳолати зӯроварии шаҳвонӣ содир шудааст.
Бо мақсади иҷрои банди 20-и “Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022” аз ҷониби равоншиноси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ҳафтае ду маротиба бо шахсони аз зӯроварӣ шикоятдошта машварат анҷом дода мешавад.
Офоқ Қодириён, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти хатлон зимни суҳбат бо мо қайд кард, ки дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) ва телефони «Мадад» 19-19, инчунин дар воҳидҳои поёнӣ телефонҳои боварии сардорони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ (Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон 2-13-13) амал мекунанд, ки шабонарӯзӣ арзу шикояти шаҳрвандонро қабул мекунанд.
- Нозирони милитсия дар ҳалли мушкилоти зӯроварӣ дар оила аз захираҳои дигари мавҷуда, аз ҷумла марказҳои машваратӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ, аз ҳуҷраҳои кор бо зӯроварон (дар шаҳри Левакант чунин марказ амал мекунад) истифода мекунанд, дар ҳамоҳангӣ бо ин ташкилотҳо кор мебаранд, - афзуд О. Қодириён.
Қобили зикр аст, ки азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ бо роҳи лату кӯби мунтазам ё бо усули дигари зӯроварӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Агар ҳамин кирдор, масалан, нисбати баръало ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст, ё шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар вобастаи гунаҳгор аст, ё нисбати зане, ки ҳомила будани ӯ барои гунаҳгор аён аст, содир шавад, барои шахси гунаҳкор ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол пешбинӣ шудааст.
Носирҷон Маъмурзода,
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор мекунад”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.