Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ӯ ба ҷиноятҳои содиркардаи худ иқрор шуд, вале қаблан иттиҳомот алайҳи худро рад карда буд.
Додгоҳи ноҳияи Хуросон корманди акнун собиқи ШВКД дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро, ки барои шиканҷаи як нафар сокини гумонбар дар дуздӣ гунаҳгор мешуд, аз толори суд озод намуд. Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Хуросон Файзиддин Шоҳиён ба “Asia-Plus” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Исломбек Забирзода, ки бо се моддаи КҶ ҶТ - моддаи 316 қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), 358 қисми 1 (ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан), 346 қисми 3 (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) гунаҳгор дониста шуда, 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд, вале бо назардошти моддаҳои сабуккунанда, 2 сол мӯҳлати санҷишӣ муқарар карда шуд.
“Додгоҳ корманди собиқ ШВКД дар ноҳияи Хуросонро гунаҳгор дониста, ба номбурда ҷазои 6 соли маҳрумият аз озодӣ таъин кард. Аммо бо дастрасии қисми 1, моддаи 171 КҶ ҶТ, ҷазои маҳрум сохтан аз озодии нисбат ба Исломбек Забирзода таъиншуда, шартан татбиқ карда нашудаааст. Ва додгоҳ нисбат ба номбурда 2 сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар кард. Ҳамчунин ҷазои иловагӣ ба Исломбек Забирзода ду сол маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъин карда шудааст”, - илова кард Файзиддин Шоҳиён.
Ба гуфтаи расикунандаи мурофиа Файзиддин Шоҳиён, дар рафти мурофиаи судӣ Исломбек Забирзода ба ҷиноятҳои содиркардаи худ иқрор шуд ва аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ кард.
Инчунин раискунандаи мурофиа гуфт, ки ҷабрдида Маҳмадмумин Муминов дар рафти мурофиа изҳор доштаст, ки нисбат ба Исломбек Забирзода даъвое надорад. Ҳамин тариқ, суд Исломбек Забирзодаро аз толори суд озод карда вазифадор кардааст, ки ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул шавад ва бе огоҳии Шуъбаи корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ҷои зисташро иваз накунад.
Раискунандаи мурофиа Файзиддин Шоҳиён афзуд, ки тарафҳо имкон доранд дар муҳлати пешбининамудаи қонун аз болои ҳукм шикоят баранд.
Ёдрас мешавем, ки Исломбек Забирзода корманди собиқи ШВКД дар ноҳияи Хуросон барои шиканҷаи як нафар сокини гумонбар дар дуздии ин ноҳия дар мурофиаи ахири додгоҳӣ иттиҳомот алайҳи худро рад кард. Ӯ иддао кард, ки чаро ҷабрдида танҳо маро дар ёд дораду халос.
Бояд гуфт, ки 24 апрели соли 2020 сокини ноҳияи Хуросон Маҳмадмумин Муминов, ки ба ҳайси гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ ба ШВКД-и ноҳия оварда шуда буд, аз ошёнаи дуюми бинои ШВКД худро ба берун мепартояд, ки дар натиҷа ҳарду пояш мешикананд.
Тавре қаблан хабар дода шуд, Исломбек Забирзода гумонбар Муминовро ғайриқонунӣ дар ШВКД нигоҳ медорад. Муминов ба лату кӯби беохир тоб наоварда, рӯзи 24 апрел худро аз ошёнаи дуюми бинои ШВКД ба замин мепартояд, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардорад. Муминовро ба беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ мекунанд. Нисбат ба Исломбек Забирзода санҷиши хизматӣ оғоз гардида, бо се моддаи ёдшуда парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.