ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар вохӯрии онлайнии Ассамблеяи генералии IRCT иштирок мекунад

Аз 6 то 8-уми октября вохӯрии ҳарсолаи (имсол тариқи онлайнӣ) Ассамблеяи генералии IRCT (Шабакаи байналмилалии офиятбахшии қурбониёни шиканҷа), ки Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ»-и шомили Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ узви он аст, баргузор мегардад.

Ин шабакаи байналмилалиест, ки зиёда аз 70 ташкилоте, ки фаъолияташонро дар тамоми дунё амалӣ месозанд, ба он шомиланд. Мақсад аз баргузории вохӯрӣ баррасии таъсири COVID-19 ба раванди офиятбахшиву огоҳшавӣ аз ин таҷриба, инчунин коркарди Дастурамал оид ба стандартҳои ҷаҳонии офиятбахшӣ бо назардошти пандемия аст.

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» фаъолияти гуруҳҳои Эътилофро оид ба офиятбахшии шахсони ба шиканҷа дучоршуда ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ҳамоҳангсозӣ мекунад. Ташкилот моҳи майи соли 2019 ба узвияти Шабакаи байналмилалии офиятбахшии қурбониёни шиканҷа (IRCT) пазируфта шуд. Узвият дар IRCT барои дарёфти дастгирии молиявию касбӣ, инчунин ҳалли баъзе масоили бо офиятбахшӣ алоқаманд имконият фароҳам меорад.

Фаъолияти ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар заминаи мубориза бо шиканҷа ба хизматрасонии офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо равона гардидааст, ки кумаки тиббӣ, иҷтимоиву равониро дар бар мегирад. Ташкилот инчунин коршиносони байналмилаливу миллиро бо мақсади омода намудани равоншиносони маҳаллӣ ҷалб месозад.

NoTorture.Tj