Пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ: оид ба масоили ҳуҷҷатгузории тиббии ҳолатҳои зӯроварӣ замимаи мобилӣ роҳандозӣ шуд

Фаъолият дар самти пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ аз ҷониби Наврӯзова Парвина (ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»), ки ҳамзамон дар доираи фаъолияти ГКҲ оид ба масоили ҳуҷҷатгузории тиббӣ ба кор ҷалб гардидааст, ҳамоҳангсозӣ мешавад.

Дар давраи аз моҳи январ то марти соли 2020 гузориш «Оид ба истифодаи Протоколи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудагон дар муассисаҳои тиббии ҶТ» ва гузориши таҳлилӣ «Оид ба натиҷаҳои баҳогузории вазъи воқеии хадамоти судӣ-тиббӣ дар ҶТ» таҳия гардиданд. Ҳар ду матлаб дар торнамои Эътилоф пахш карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ инчунин баҳри пешбурди таъсиси ташхиси ғайридавлатӣ корбарӣ сурат гирифт. Аз ҷониби коршиносони барнома таҳлили қонунгузорӣ ва таҷрибаи қонунистифодабарии Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Гурҷистон, инчунин қонунгузории миллӣ оид ба масоили таъсису амалисозии институти ташхисҳои судии давлативу ғайридавлатӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳои таҳлил рӯзи 21-уми феврали соли 2020 дар як мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, аъзои Эътилофи зидди шиканҷа, доираҳои академӣ, адвокатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиноси байналмилалӣ Марям Ҷишкариани баррасӣ карда шуданд.

18-20-уми феврали соли 2020 тренинги серӯза оид ба омодасозии мутахассисон аз рӯи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ гузаронида шуд, ки дар он 31 нафар - 15 нафар аз шаҳри Душанбе, 4 нафар аз ВМКБ, 6 нафар аз вилояти Хатлон ва 6 нафар аз вилояти Суғд иштирок карданд.

Замимаи мобилӣ оид ба масоили ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои зӯроварӣ (қурбониёни шиканҷа, хушунати хонаводагӣ, шахсони гирифтори ВИЧ, хизматчиёни ҳарбӣ) тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ таҳия карда шуд. Он тавсияҳо барои қурбониёни зӯроварӣ, адвокатҳо, равоншиносон ва табибонро дар бар мегирад.

Инфографикаи «Кафолати ҳифзи саломатии боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатӣ (ИВС) ва тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)» таҳия гардидааст, ки бо забонҳои русиву тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, торнамои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дар торнамои ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ба таври васеъ паҳн карда мешавад. Инфографика QR-кодро дар замимаи мобилӣ ва Ботро дар Телеграмм бо номи «Ман ва ҳуқуқҳои ман» дар бар мегирад.

NoTorture.Tj