Вохӯриҳои кории ГКҲ дар Файзободу Рашт ва Нуробод бо адвокатҳову ҳуқуқшиносон

Гуруҳи кумаки ҳуқуқии (ГКҲ) Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон санҳои 10-12 ноябри соли 2020 бо адвокатҳои ноҳияҳои Файзободу Рашт ва инчунин бо ҳуқуқшиносони Шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Вазорати адлия дар ноҳияи Нуробод вохӯриҳои корӣ баргузор карданд.

Хушбахт Исоев - мутахассиси ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ба адвокатҳо дар бораи фаъолияти ГКҲ, самтҳои асосии фаъолияти гуруҳ, намудҳои хизматрасониҳо маълумот дод. Вай инчунин дар бораи муайян кардани ҳолатҳои шиканҷа, ҳамкории минбаъда бо адвокатҳо, иштироки онҳо дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона сухан гуфт. Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон масъалаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи амалии қонунгузорӣ дар бораи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ ба ҷабрдидагон, тартиби иҷрои қарори суд дар бораи ситонидани ҳаҷми зиёнро аз мақомоти давлатӣ баррасї карданд.

Иштирокчиёни чорабинї тавсияҳои худро оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин оид ба ҳамкориҳои судманд дар ин самт пешниҳод намуданд.

 

 

 

 

NoTorture.Tj