Семинар оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа барои рўзноманигорон

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, намояндагони ВАО ва рўзноманигоронро барои иштирок дар семинар дар мавзуи «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи Нақшаи миллии амал» даъват мекунад.

Дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022, иштирокчиён бояд дар мавриди мубориза бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона матлаби иттилоотӣ омода намоянд.

Тартиби баргузории семинарҳо чунин аст:

- Дар вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд - 15-уми январи соли 2021 аз соати 09:00 то 17:00.

- Дар ВМКБ, дар шаҳри Хоруғ - 25-уми январи соли 2021 аз соати 09:00 то 17:00.

Макони баргузории семинар ҳангоми бақайдгирии иштирокчиён дақиқ карда мешавад.

Нафарони таваҷҷуҳманд метавонанд иштироки худро дар семинар то 1-уми январи соли 2021 бо зикри ному насаб ва ҷойи корашон тариқи почтаи электронии notorture.tj@gmail.com ё телефони (+992) 900007764 тасдиқ намоянд.

Пардохти роҳкиро ва дигар хароҷотҳои марбут ба иштирок дар семинар пардохт карда намешаванд!

NoTorture.Tj