Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавии сокини шаҳри Душанбе Солеҳов Ҳ.-ро, ки аз ҷониби собиқ кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе Нурхонов Ф. А., Сабзаев А. Н., Ваҳобов У. Р ва Иронидини А. зери шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта буд, қонеъ накард.
Дар ҳалномаи суд аз 13-уми октябри соли 2020 дарҷ гардидааст, ки «Барои расонидани зарари маънавӣ бевосита маҳкумшудагон гунаҳкоранд ва бояд ҷуброн дар алоҳидагӣ аз ҳисоби худи онҳо, яъне аз ҳисоби собиқ кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе Нурхонов Ф. А., Сабзаев А. Н., Ваҳобов У. Р. ва Иронидини А. рӯёнида шавад. Бо сабаби он, ки даъво нисбати худи гунаҳкорон пешниҳод нашудааст ва гуноҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонидани зарари маънавӣ тасдиқ нашуд, бинобар ин суд даъворо нисбати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад менамояд».
Хотиррасон менамоем, ки 19-уми декабри соли 2019 бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе дар истифодаи шиканҷа, гирифтани пора, ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ 17 нафар шаҳрвандон, кормандони баландрутбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун, яъне аз ҳафт то ҳабдаҳ сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Солеҳов Ҳ. Ш. дар парвандаи мазкур ҷабрдидаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.[1]
Бинобар ин, 12-уми майи соли 2020 сокини шаҳри Душанбе Солеҳов Ҳ. ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ бинобар зери шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтанаш пешниҳод намуда буд.
Мутобиқи талаботи моддаи 1084 (Масъулият барои зараре, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, инчунин ашхоси мансабдори онҳо расонидаанд) Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Зарари дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти давлатӣ баровардани санади ба қонунҳо номувофиқ расонидашуда сарфи назар аз гуноҳи мақомот ё ашхоси мансабдоре, ки санадро баровардааст, бо қарори суд ҷуброн карда шавад. Зарар аз ҳисоби хазинаи давлат ҷуброн карда мешавад. Зараре, ки тавассути амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии ашхоси мансабдори мақомоти давлатӣ дар соҳаи идораи маъмурӣ расонида шудааст, тибқи асосҳои умумӣ, аз ҳисоби маблағҳои пулии дар ихтиёри ин мақомот қарордошта ҷуброн карда мешавад. Ҳангоми нокифоя будани онҳо зарар ба таври субсидиарӣ аз ҳисоби буҷети давлат ҷуброн карда мешавад».