Аҳлиддин Салимов, рӯзноманигор: расидагӣ ба мушкили корафтодагон қарзи инсонии мост

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари рӯзноманигор Аҳлиддин Салимов дар ин маврид:

- Ҳамчун журналист, ман аз оғози фаъолгардонии сомонаи Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҷалб гашта будам ва дар баробари идораи сайт ва шабакаҳои иҷтимоӣ боз ба таҳияи хабару мақолаҳо вобаста ба фаъолияти Эътилоф ва муроҷиатҳои шаҳрвандон машғул мешудам. Ҳамин боис шуд, ки номзадии худро пешбарӣ намоям ва аз ҷониби роҳбарияти Эътилоф ба узвият пазируфта шудам. Узви Эътилоф будан ифтихор не, балки масъулият аст. То ин замон талош кардам камтарин саҳме дошта бошам барои расидагӣ ба мушкилоти муроҷиаткунандагон ба Эътилоф, ки масъули расонаӣ кардани қазияашон ман будам. Инро ҳамчун қарзи инсонии худ медонам.

То охири соли 2019 дар Гуруҳи расонаии Эътилоф фаъолият мекардам. Ҳоло дар мусофират буда, танҳо дар баррасии муроҷиатҳои Эътилоф, ки он ҷо назари аъзои Эътилоф ва ҷонибдорӣ лозим мешавад, иштирок мекунам.

Дар замони пандемияи Covid-19 Метавонам ҳамчун мушовир дар самти кори Гуруҳи расонаӣ фаъол бошам. Ва ҳамчунин метавонам ҳамчун намояндаи Эътилоф дар ИМА фаъолият кунам.

NoTorture.Tj