Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари роҳбари ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова дар ин маврид:
- Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҳуқуқҳимоякунанда ба шумор меравад, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияташ мусоидат барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон аст.
Ташкилот қариб баъди таъсис ёфтани Эътилоф ба хотири муттаҳид намудани талошҳояш барои мубориза бо шиканҷа бо дигар ташкилотҳое, ки он замон аллакай аъзои Эътилоф буданд, узви он гардид. Дар доираи барномаи мазкур мо аз рӯи шикоятҳо аз истифодаи шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф нисбати шаҳрвандон аз ҷониби мансабдорон кор мебарем, аз манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд намояндагӣ мекунем ва барои дастрас намудани ҷуброн кумаки ҳуқуқӣ мерасонем.
Соли 2016 ташкилот ҳамоҳангсози Гуруҳи расонаии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон интихоб шуд.
Эътилоф дорои торнамои www.notorturetj.org ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст:
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj
Дар давраи пандемияи COVID-19 ҳамоҳангсозии талошҳо ва табодули доимии иттилоот баҳри боло бурдани самаранокии кор дар самти мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муҳим аст.