Гулчеҳра Раҳмонова: дар давраи пандемия хабарҳо оид ба зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон зиёд шуданд

Ба эътирофи Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Гулчеҳра Раҳмонова ҳимоятгари маъруфи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», ки ӯ роҳбарӣ мекунад, ташкилоти ҳуқуқҳимоякунандаи беҳтарин дар соли 2020 дониста шуд. Ҳамзамон, Гулчеҳра Раҳмонова Гуруҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд. Дар давраи пандемия ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон душвор нест? Дар ин самт кадом мушкилиҳо вуҷуд доранд? Дар ин маврид дар суҳбати мухтасар бо Гулчеҳра Раҳмонова изҳори назар шуд.

- Таври маълум, пандемияи коронавирус кор дар дилхоҳ соҳаро амалан душвор намуд. Ташкилоти шумо, ки ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон машғул аст, дар ин марҳила бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ шуд?

- Дар оғози эпидемия, вақте Тоҷикистон ҳанӯз тасдиқ накарда буд, ки дар кишвар далелҳои гирифтор шудан ба беморӣ вуҷуд доранд, ташкилот корро ба таври муқаррарӣ идома дод. Танҳо моҳи май мо ҳама ба муддати як моҳ ба кори фосилавӣ гузаштем. Дар давраи пандемия хабарҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон зиёд шуданд. Танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ташкилоти мо 9 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки ба зӯроварии шаҳвонӣ кӯдакони аз 4 то 12-сола дучор гардидаанд.

Мушкилӣ бештар алоқаманд буд ба камбуди мутахассисони касбӣ, ки таҷрибаи кор бо чунин қазияҳоро доранд. Манзур равоншиносону адвокатҳоянд, аммо ин мушкилӣ ҳамчунин ба муфаттишон, прокурорҳо ва судяҳо низ тааллуқ дорад. Имкони аз рӯи бисёр парвандаҳо оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ баъди вокуниши ҷамъиятӣ ба даст омад. Ташаккури хос ба ҷомеаи мо, ки нисбати далелҳои муносибати бераҳмона бо кӯдакон бетафовут нестанд ва ба ҳар як ҳолат сари вақт вокуниш нишон медиҳанд. Чунин ҳолат нисбати қазияи таҷовузи духтари 12-сола дар шаҳри Ҳисор ҳам ҷой дошт, ки хешовандони ӯ натавонистанд ба адолат даст ёбанд, аммо баъди бархӯрд ва вокуниш аз ҷониби мақомот (баромади раиси шаҳр ва раиси палатаи болоии парлумони кишвар Рустами Эмомалӣ) парванда аз нуқтаи шашхудааш ҷунбид. Бале, мо бо дараҷаи айбдорӣ ва ҳукми суд розӣ нестем, вале ин қиссаи дигар. Мо аллакай ба зинаи апеллятсионӣ муроҷиат кардаем ва ба адолат даст хоҳем ёфт.

- Гуфта метавонед, ки дақиқан чӣ чиз дар давраи пандемия пешбурди ҳуқуқи кӯдакро душвор месозад? Аз ҷумла, дар ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ ноболиғон барои ислоҳ ба куҷо фиристода мешаванд?

- Барои ман посух додан ба ин суол душвор аст, зеро дар ин давра мо ба муассисаҳои пенитенсиарӣ, ки кӯдакон нигоҳдорӣ мешаванд, дастрасӣ надоштем. Инчунин, дастрасии волидон низ муваққатан маҳдуд буд, аммо кӯдакон имкон доштанд, ки фиристодаҳоро бигиранд ва бо волидону хешовандонашон телефонӣ суҳбат кунанд. Ҳоло мо боз корро дар муассиса идома додему равоншинос ва корманди иҷтимоӣ кор бо кӯдаконро ба таври муқаррарӣ давом медиҳанд.

Дар колонияи таълимии кӯдакон, ки писарбачаҳо адои ҷазо мекунанд, расман ягон ҳолати бақайдгирифташуда оид ба гирифторӣ ба коронавирус мавҷуд нест.

- Оё таҳлил кардаед, ки дар давраи пандемия ҳуқуқҳои кӯдакон тибқи қонунгузории милливу байналмилалӣ бахусус дар ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ то куҷо ҳимоя шудаанд?

- Мутаассифона, мо чунин таҳлил нагузаронидаем. Аммо метавонам зикр намоям, ки дар доираи амалисозии Барномаҳо ва нақшаи амал оид ба ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи ҶТ як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд. Вале айни замон ҳисобот оид ба мониторингу баҳогузории барномаи мазкур гузаронида нашудааст.

- Барои тақвият бахшидани ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон дар давраи пандемияи COVID-19 дар ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ кадом чораҳои муҳими иловагиро андешидан мумкин аст?

- Дар ин самт мо якчанд пешниҳод дорем. Дар мавриди пешгириву огоҳсозӣ аз ин бемории сироятӣ, таъмини муассисаҳои пенитенсиарӣ, ки онҷо кӯдакон метавонанд нигоҳдорӣ шаванд, бо воситаҳои ҳимоявӣ, гигиенӣ ва тиббӣ бештар кор кардан зарур аст. Инчунин, гузаронидани ташхиси системавии тиббӣ ва ҳолати кӯдакон хеле муҳим аст. Бояд маълумотнокии кӯдакон ва кормандони муассиса оид ба коронавирус тариқи чорабиниҳои омӯзишӣ боло бурда шавад. Ҳамзамон, чунин мешуморем, ки дастгирии равонӣ ҳам ба кӯдакон ва ҳам барои кормандони муассиса бояд таъмин гардад. Шояд ба ин кумак баъзе волидони кӯдакон (ташкилоти мо дорои равоншинос аст, аммо ӯ ба кормандони муассиса кумак мерасонад) ҳам ниёз дошта бошанд. Ва ниҳоят, коркарди механизми вокуниш ва интиқол дар ҳолати маълум шудани гирифторӣ ё гумонбарии гирифторӣ ба беморӣ зарур аст.

NoTorture.Tj