Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давраи ҷаҳонишавии бемории сироятии COVID-19, сарфи назар аз вазъияти ҳассос, чорабиниҳо аз ҷониби маќомоти баландпояи кишварҳои дунё гузаронида шуданд.
Санаи 12-уми ноябри соли 2020 сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон матлабе таҳти унвони «Даври дувоздаҳуми Муколамаи ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (https://mfa.tj/tg/main/view/6625/davri-duvozdahumi-mukolamai-huquqi-inson-baini-jumhurii-tojikiston-va-ittihodi-avrupo) пахш кард, ки дар он аз ҷумла хабар дода мешавад: «11-уми ноябри соли 2020 даври дувоздаҳуми Муколамаи ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид.
Гуфта мешавад, ки дар нишасти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро сардори Шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Хадамоти аврупоии корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо Борис Ярошевич роҳбарӣ намудаанд. Дар чорабинӣ ҳамчунин Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон, Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран ва Сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн иштирок намудаанд.
- Рӯзномаи ҷаласа мавзуҳои зеринро дар бар мегирифт: вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо пас аз муколамаи охирин ва дар давраи ҳамагирии COVID-19, озодии баён, аз ҷумла озодии ВАО, озодии иттиҳодияҳо ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, гирдиҳамоиҳои осоишта ва озодии эътиқод, озодии дин ва виҷдон, ҳуқуқи занон, аз ҷумла зӯроварӣ нисбати занон, шиканҷа, бадрафторӣ ва шароити нигоҳдорӣ дар маҳбасҳо. Ҳамчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи абзорҳои бисёрҷониба, Барномаи умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва лоиҳаҳои дигари дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд,- омадааст дар матлаби интишорёфта.
Гуфта мешавад, ки муколама дар фазои ҳусни тафоҳум ва эътимод сурат гирифтааст.