Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ дар доираи бартариятҳои стратегии Эътилофи зидди шиканҷа таъсис ёфта, назди худ ду мақсади асосӣ гузоштааст: пешбурди татбиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси механизми миллии пешгирикунанда, инчунин ташкили механизми мониторинги мустақили ҷамъиятии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ.
Гуруҳ узви Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди татбиқи ПФ ба КЗШ, ҳамоҳангсозии механизми мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ба шумор рафта, кори Гуруҳи мониторингӣ оид ба боздид аз ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодиро (минбаъд Гуруҳи мониторингӣ) ҳамоҳанг месозад.
Аз соли 2016 фаъолияти гуруҳ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, БРСММ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Фонди Зигрид Раузинг Траст дастгирӣ меёбад.
Фаъолияти гуруҳи мониторингӣ дар асоси Консепсия ва нақшаи корӣ амалӣ мегардад, ки дар доираи онҳо муассисаҳои барои гузаронидани мониторинг ва таълим дар самти ҳуқуқҳои маҳбусон муайян карда шуда буданд: муассисаҳои руҳӣ; ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ, боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳотӣ.
Мувофиқи Нақшаи корӣ робита бо аъзо ва роҳбарони гуруҳҳои Эътилоф ва дигар мутахассисон оид ба ҷобаҷогузории ҳайати гуруҳи мониторингӣ ба роҳ монда шуда буд. Айни замон гуруҳи мониторингӣ 23 мутахассис оид ба гузаронидани мониторинги бевосита, ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин коршиносони масоили гуногуни ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқшиносон, мутахассисони тиббӣ, мутахассисон дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва шахсони дорои маъюбиятро дар бар мегирад.
Ҳангоми таҳияи стратегияи кори гуруҳ ва амалисозии фаъолият оид ба коркарди дастурамалҳову чорабиниҳои омӯзишӣ Гуруҳ бо коршиносони Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава) ҳамкорӣ мекунад.
Дар давраи пандемияи COVID-19 гуруҳ имконияти гузаронидани мониторингҳо ва боздид аз муассисаҳои пӯшидаро надошт. Аз ҳамин лиҳоз, Гуруҳ фаъолияти худро дар самти таҳияи барномаҳои омӯзишӣ ва модул барои тренерҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар системаи муассисаҳои руҳӣ, таҳияи матолиби иттилоотӣ барои аҳолӣ ва матолиби методӣ барои гуруҳҳои ҳадафноки гуногуни дар Нақшаи корӣ зикрёфта, гузаронидани таҳлили қонунгузорӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар доираи нақшаи корӣ муттамарказ намуд.
Дар давоми давраи ҳисоботӣ мутахассисони Эътилоф ва коршиносон ба гузаронидани таҳлили қонунгузории Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба саломатии руҳӣ оғоз намуданд. Ба ғайр аз ин, айни замон таҳияи барномаҳои омӯзишӣ ва модул барои тренерҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар системаи муассисаҳои руҳӣ пеш бурда шуда истодааст.