Рӯзи озодии баён муборак, рўзноманигорон!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рўзноманигорони кишварро ба муносибати Рўзи байналмилалии озодии баён - 3-юми май табрик мегўяд!

Дар ин марҳилаи мушкили пандемия мо мехоҳем ба шумо барои пешниҳоди иттилооти воқеӣ, боэътимод ва босифат дастгириву қадршиносии худро изҳор намоем.

Роҳбарони ҷаҳонӣ аллакай иқрор карданд, ки матбуоти озод барои вокуниши ҳаматарафа ба пандемияи COVID-19 аҳамияти ҳалкунанда дорад ва танҳо бо роҳи иттилоотноксозии ҷомеа мо метавонем паҳншавии вирусро пешгирӣ карда, ба зиндагии пурарзиш баргардем.

Ба шумо ва оилаҳоятон аз самими қалб саломатии бардавом ва бурдборӣ хоҳонем! Худро эҳтиёт намоед!

NoTorture.Tj