Мониторинг: механизми барасмиятдарории дастгиркунӣ такмил ёфтааст

Мониторинг[1]: механизми барасмиятдарории дастгиркунӣ такмил ёфтааст

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тавре дар гузориши мониторинги мазкур зикр гардидааст, мувофиқи банди 4-и нақша ба зиммаи гуруҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон андешидани чораҳо оид ба амалисозии тавсияҳои Зеркумита оид ба аккредитатсияи мақомоти миллии ҳуқуқи инсон аз соли 2012 ва мақомоти СММ тибқи Принсипҳои Париж вогузор карда шудааст. Вобаста ба масъалаҳои мазкур 20-уми декабри соли 2017 нақшаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2017-2020 тасдиқ шудааст. Инчунин, бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 19-уми октябри соли 2017, №143 гуруҳи кории дахлдор дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлия ташкил шудааст.

- Қонунгузории дигар давлатҳо, ки масъалаи фаъолияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд ва кишварҳое, ки ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони онҳо мақоми «А» доранд, мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Маводҳои таҳлилӣ «Оид ба ворид намудани тағйиротҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тавсияҳои Зеркумита оид ба аккредитатсияи Ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон» омода ва маводҳо ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, дар гуруҳи корӣ баррасӣ шуда истодааст,- омадааст дар гузориш.

Вобаста ба зербандҳои 1 ва 3, банди 5-и нақша бошад, ҷиҳати гузаронидани таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кафолатҳои асосии ҳуқуқии дастгиршудагону шахсони ба ҳабс гирифташуда аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва баррасии масъалаи такмили механизми барасмиятдарории дастгиркунӣ ва бақайдгирии ҷойгиркунӣ дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан 14-уми майи соли 2016 ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшудагон» тағйиру иловаҳои мушаххас ворид карда шудаанд. Ғайр аз ин, вобаста ба масъалаи мазкур корманди ваколатдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё дигар шахси босалоҳият вазифадор аст дастгиршударо оид ба сабаби дастгир шудан ва ҳуқуқҳои ӯ дар мавриди воқеан дастгир шудан бохабар намояд. Ин ҳуқуқҳо аз фавран бо хешони наздик дар тамос шудан, таъмин гардидан бо ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод иборат мебошанд. Ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмӣ пешбинӣ шудааст.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

 

NoTorture.Tj