Мониторинг: мутахассисони Вазорати тандурустӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронидаанд

Мониторинг[1]: мутахассисони Вазорати тандурустӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронидаанд

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тибқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, зербанди 1, 2, банди 7-и нақша, ки масъалаи тафтиши тамоми парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба шиканҷа ва пешгирӣ намудани зери таъқиб қарор дода шудани ҷабрдидагон, аъзои оила, ҳимоятгарони онҳо, рӯзноманигорон ва ғайраро дар бар мегирад, таҳти назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дорад.

Ҷиҳати иҷрои зербанди 1, 2 ва 3, банди 8-и нақша бошад, аз ҷониби раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» ва бо дастгирию ҳамкориҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории сил бо кормандон ва бо ҷалби маҳкумшудагон зиёда аз 50 семинару тренинги омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда шудааст. Машғулиятҳои омӯзишӣ аз тарафи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки соли 2020 аз ҷониби мутахассисони раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва созмонҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 10386 маводи иттилоотӣ дар мавзӯи ВНМО ва сил паҳн карда шудааст. Инчунин, дар ин давра бо маҳкумшудагон суҳбатҳои инфиродӣ ва гуруҳӣ гузаронида шуда, маълумоти зарурӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории сил роҳандозӣ гардидааст.

- Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 26 чорабинии ташвиқотӣ оид ба пешгирии ВНМО гузаронида шудааст. Айни замон дар тамоми муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 260 маҳкумшудаи гирифтори ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 26 нафар зан ва боқимонда 234 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд. Табобати ин беморон дар ҳамбастагӣ бо муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» ба роҳ монда шудааст,- зикр гардидааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

 

NoTorture.Tj