Ғолибони мусобиқаи мубоҳисавии «Ман тарафдори барҳам додани шиканҷа ҳастам!» муайян шуданд

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!

#ЯзаИскоренениеПыток!

#IamForTheEliminationofTorture! 

30-юми майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола санаи 26-уми июн қайд карда мешавад, мусобиқаи мубоҳисавии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид.

Ба андешаи ташкилкунандагон, чорабинӣ бояд таваҷҷуҳи ҷавононро ба мавзуи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷалб созад. Интизор меравад, ки чунин чорабиниҳо метавонанд таҳаммулпазирии сифриро нисбат ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона миёни ҷавонон коркард намоянд. Ба замми ин, чунин навъи чорабинӣ миёни ҷавонон хеле машҳур аст, зеро роҳи донистани муҳимияти озодӣ аз шиканҷа дар шакли бозӣ ба шумор меравад.

Мусобиқа аз соати 08:00 то 21:00 дар Маркази омўзиши забони олмонӣ - Dex баргузор гардид.

Дар мусобиқа 16 даста бо шумули ду нафар аз ҳайати хоҳишмандон (ҳамагӣ 32 нафар), 6 довар ва 7 тамошобин иштирок карданд. Доварони мусобиқа Фируз Ёгбеков, Георгий Школенко, Нилюфар Мурадова, Нуриддин Эшанкулов, Олим Шукуров буданд. Сардовари мусобиқа - Далерҷон Хисомов. Вазифаҳои асосии доварон таҳияи мавзуҳо барои мусобиқа ва гузаронидани доварӣ буд, ки баҳои воқеӣ дода, ғолибонро муайян намуданд.

Ғолиби мусобиқаи «Ман тарафдори барҳам додани шиканҷа ҳастам!»:

Ҷойи 1: дастаи "Ласточка" (Михаил Дружинин ва Тимур Темирханов)

Ҷойи 2: дастаи "Шама, Зара ва Ралф" (Шамил Шарифов ва Зарастин Холбаш)

Ҷойи 3: дастаи "Фазлиддин-мошин" (Дориюш Солиев ва Фазлиддин Хайрулоев)

Беҳтарин довари мусобиқа Фируз Ёгбеков дониста шуд. Беҳтарин ровии мусобиқа намояндаи дастаи «Ласточка» Михаил Дружинин, ровии дуввуми беҳтарин аз дастаи «Ласточка» Тимур Темирханов ва сеюм ровии беҳтарин Дориюш Солиев дониста шуданд. 

Маълумот: ба ҳайси барандагон аъзои гуруҳи ташаббускори ҷавонон«ҲРУ  Тоҷикистон» (ГТҶ ҲРУ)-и назди ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, баромад карданд. 

Чорабинӣ бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинскӣ оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида шуд. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз ҳама иттилооту иқдомҳо огоҳбошед:

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj