Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Моҳи марти соли 2009 Дилшодбек Муродови 46-сола бо ҳукми суд барои мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъа айбдор дониста шуда, ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Ҳисобкунии солҳои дуру дарози умр дар маҳбас оғоз гардид. Дар ин ҷо ҳама чиз тибқи тартиботи қатъӣ ва равиши худ ҷараён дошт. Он гоҳ Дилшодбек дарк намуд, ки озодӣ - дар руйхати арзишҳо, вақе ки ту озод ҳастӣ, охирин аст, аммо вақте ки онро аз даст медихӣ, он дар ҷои аввал қарор мегирад. Ва пурсаброна озодиро интизор буд. Ба паси сар кардани тамоми сахтиҳои маҳкама ба ӯ модараш, ки ҳамаи гуноҳҳои писари ягонаву ҷигарбандашро мебахшид, кӯмак кард.
6 августи соли 2009 рӯзи зодрӯзи Дилшодбек фаро расид.Ӯ медонист, ки модараш ҳатман ба хабаргирии ӯ меояд, ва ин вохӯриро аз субҳи барвақт интизор буд. Ҳангоми вохӯрдан бо модараш Дилшодбек дар ҳолати хуб қарор дошт, аз ҳеҷ чиз шикоят надошт ва ба модараш изҳор намуд, ки умедвор аст ҷанговари интернатсионалист буданашро ба инобат гирифта, ӯро барвақтар аз ҳабс озод кунанд.
Вале баъди аз се рӯз, 9 август, ба модари Муродов хабар доданд, ки писараш 8 август вафот кард. Баъдан хулосаи духтур пешниҳод карда шуд, ки дар он нишон дода мешавад, ки сабаби марги Дилшодбек Муродов сактаи дил мебошад.
Роҳбарияти муаасисаи пенитентсиарӣ ба хешовандони Муродов хабар дод, ки маросими мурдашӯй ва ҷаноза мутобиқи расму ойини милливу динӣ аллакай анҷом додо шудааст, бинобар ҳамин, тавсия дода мешавад, ки кафанро накушода ӯро ба хок супоранд.Аз модар ҳатто аввал ваъдаи шифоҳӣ гирифта, баъд ҷасади Дилшодбекро ба хешовандонаш супориданд.
Дар ҷавоби хаттии роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия таҳти рақами 5/1/3-Б-13 аз 14.08 с. 2009 сабаби марги Муродов тариқи зайл шарҳ дода мешавад: “08.08.с.2009 тақрибан соати 13:00 маҳбус Муродов Д.Г., ба ҳоҷатхона даромада,мувозинати худро гум кардаба самти пеш афтид. Дар натиҷа, қисмати чапи рӯй ба фарши бетонӣ зада ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошт. Ба ҳӯш омада ӯба маҳбусони барои кӯмак расонидан омада гуфт, ки ба ӯ ҳеҷ чиз нашудааст, ва ӯ мустақилона метавонад ҳаракат кунад. Вале, каме ба пеш ҳаракат карда, каловида ба рӯи фарши бетонӣ ҳоҷатхона ба пушт афтид, ва дар натиҷа қисмати сар ва пайвандҳои оринҷҳои дастонаш ҷароҳат бардоштанд. Баъдан ӯро ба маркази тиббӣ барои расонидани ёрии тиббӣ бурданд. Баъди аз ҷониби кормандони тиббӣ расонидани ёрии аввалия ва истеъмол кардани дору саломатии Муродов Д.Г. муътадил гардид. Ҳангоми ба сайру гашт баромадан ҳолати маҳбус Муродов Д.Г. бад шуда, аз биниаш хун ҷорӣ гардид. Ба Муродов сӯзандору карданд, ки дар натиҷаи онфишори хуни ӯ баланд шуд.Ӯро ба Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол доданд, ки дар он ҷо ҳангоми гузаронидани муоинаи тиббӣ дар қисмати пойи чап, дасти чап ва тарафи чапи рӯйи ӯ ҷойҳои харошида ошкор гардиданд, ки барои ҳаёт ва саломатии маҳбус хатарнок набуданд.Инчунин тамоми қисматҳои бадани маҳбус муоина карда шуданд, ва ягон ҷароҳат ё нишонаҳои зарар ба саломатӣ ошкор карда нашуд. Сарфи назар аз кӯшишҳои духтурон, беҳтар намудани вазъи саломатии маҳбус Муродов Д.Г. муяссар нагардид ва ӯ вафот кард” .
Тафсири (версияи) мазкур оид ба сабаби марги писар барои модари Дилшодбек аҷиб намуд, бо вуҷуди ин, он хилофи шаҳодати марг бо диагнози “сактаи дил” буд. Бинобар ҳамин дар мурдахона (морг) ӯ ваъдаи шифоҳии худро шикаста кафанро кушод ва дар бадани писараш осори зиёди зарбу латро ошкор намуд.Дарҳол зан зарбу латҳои дар бадани писараш ошкорнамударо бо камераи телефони дастӣ сурат гирифт.
Модари Дилшодбек Муродов бо ариза ба президенти кивар бо дархости оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳгор муроҷиат намуд. Бо тартиби чораҷӯӣ намудан ариза ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, ки дар он ҷо дар асоси далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи “Расонидани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, ки боиси марги ҷабрдида гардидаанд” оғоз карда шуд.
2 октябри соли 2009 эсгуматсияи ҷасади Муродов анҷом дода шуд.Тибқи хулосаи экспертизаи тибии судӣ, даст пойҳо беосеб буданд, танҳо дар қисмати пушти сар ҷои кафида, ки аз зарбаи предмети сахту кунд ё дар сурати ба қад афтидан ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, ошкор гардид. Бо қарори муфаттиши прокуратура аз 20 декабри соли 2009 бинобар набудани далелҳои содир гардидани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шуд.
Модари Муродовро аз қарори қабулкарда танҳо дар аввали моҳи феврали соли 2010 хабардор сохтанд. Ӯ бо ариза ба прокурори генералӣ бо дархости бекор кардани қарори қайриқонунии муфаттиш ва барқарор кардани тафтишот муроҷиат намуд. Аз ҷониби прокуратура қарори баровардаи муфаттиш бекор карда шуд ва парванда ҷиҳати анҷом додани тафтишоти иловагӣ ба ҳамон мақомоте, ки қарори қатъ намудани парвандаи ҷиноятиро бароварда буд, аниқтараш ба поркурори махсусе, ки назоратро дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ анҷом медиҳад, фиристода шуд. Ва бидуни анҷом додани ягон амалиёти тафтишотӣ парвандаи ҷиноятӣ боз бо тасвияти “аз сабаби набудани далелҳои содир гардидани ҷиноят” қатъ карда шуд.
Ҳангоми дубора даъво овардан нисбати ғайриқонунӣ қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ ба прокуратураи махсус изҳори нобоварӣ карда шуд, ва аз тарафи ҷабрдида дархост намуд, ки пешбурди парванда ба муфаттишони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.Дархост қонеъ карда шуд, тафтишот барқарор гардид.
Тибқи суханони модари Муродов, муфаттиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вохӯрӣ бо ӯ хабар дод, ки писари ӯ на 8, балки 7 август фавтидааст.
Дар ҷараёни тафтишоти иловагӣ аз рӯи дархости адвокат амалҳои тафтишотии иловагии такрорӣ, аз назар гузаронидани ҷои ҳодиса анҷом дода шуданд, ки дар натиҷаи онҳо тафсири (версияи) бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар натиҷаи ба қад афтидан рад карда шуд.
Тафтишот муайян намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти муассисаи пенитентсионарӣ ба беназоратӣ ва хунукназарӣ ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои худ ва кӯшиши пинҳон кардани далели содир гардидани ҷинояти махсусан нисбати маҳбус, ки боиси марги ӯ дар ҳудуди муассисаи зервоҳидӣ гардидааст, роҳ дода шудааст. Вале ҳанӯз ҳам нисбати роҳбарияти колонияи ислоҳӣ ягон чораҳои зарурӣ андешида нашудаанд.
Яке аз нуқтаҳои талаботӣ, аз ҷониби адвокат дархостгардида, ин гузаронидани тафтишот инчунин нисбати ҳайати кормандони тиббии шуъбаи тиббии муассиса, ки доир ба марги маҳбус Муродов Д.шаҳодаткунонии бардурӯғро додаанд, мебошад, аз он ҷумла нисбати роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯӣ додани ҳодисаи марги маҳбус роҳ доданд.
6 феврали соли 2012, бо супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ барои омӯхтан ва ба гурӯҳи тафтишотӣ- оперативӣ оид ба тафтишоти ҷиноятҳои ошкорнагардидаи махсусан вазнини Раёсати тафтишотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурдан, талаб карда шуд. То имрӯз адвокат ва хешовандони Муродов оид ба ҷараёни тафтишот ягон маълумот надоранд...
Дар назди ман наттоқи маъруфи телевизиони Тоҷикистон Луъбат Бурҳонова, модари Дилшодбек Муродов қарор дорад. Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки бо санами телевизионии (телекумири) солҳои 80-ум дар чунин ҳолат шинос мешавам, ва мусоҳиба тамоман на дар бораи ӯ ва роҳи дурахшони эҷодии ӯ, балки дар бораи писари ягонааш, ки ба таври фоҷиавӣ дар колония фавтид, хоҳад буд...
Ӯ бо вохӯрӣ борхалтаҳои вазнин омад, ки дар онҳо ӯ ҳамаи аксҳои (расмҳои) писарашро бо тартиб ҷойгир карда буд, қисми зиёдии онҳо дар чорчӯбаҳбои зебои ҳошияҳошон ба махмал кашидашуда буданд, инчунин ӯ ҳуҷҷатҳоеро оварда буд, ки аз ҷанговари интернатсионалист будани писараш шаҳодат медоданд.
Соли 1982 писарамро ба муддати ду сол ба хизмати ҳарбӣ даъвати намуданд. Ба Багроми Афғонистон, ба разветка афтид. Яке вақте дар Панҷшер ротаи контрразведка (зидди кашф) ба муҳосира меафтад, аз ҳайати шахсӣ танҳо 23 нафар зинда мемонанд, аз он ҷумла Дилшодбек.
“А у разведчика судьба порой коротка, как рукопашный бой” (Баъзан умри разведкачӣ, мисли ҷанги даст ба гиребон, кӯтоҳ аст)- барои чӣ бошад, ки ба ёдам ин суханон аз суруд омаданд. Ман таваҷҷӯҳи худро бо қиссаи Лӯбат Бурҳонова равона сохтам. “Дар кӯчаи мо ҳамсояҳо писарони зиёд доранд, ягонтои онҳо хизмат накардаанд, аз кӯчаи мо танҳо писари ягонаи ман ба хизмати ҳарбӣ рафт. Ва ӯро ба Афғонистон фиристоданд.Аламовараш он аст, ки аз ҷанги Афғонистон зинда баргашт, вале дар замони тинҷиву осоишта бошад бо дасти нозирони маҳбасхона кушта шуд”,-гулӯгир аз ашк суханони худро идома дод.Ва илова намуд, ки: “Охир, Дилшод ҳоло метавонист генерал бошад!”.
Маълум гардид, ки соли 1984, баъди хизмати аълои ҳарбӣ дар контрразведка Дилшодбекро барои таҳсили чорсола дар Мактаби олии КГБ СССР дар шаҳри Москва даъват кардаанд. “Ба хонаи мо якчанд нафар омада буданд, фаҳмонда доданд, ки баъди таҳсил Дилшодро барои кор кардан ба мамлакатҳои хориҷа мефиристанд, ваъда доданд, ки ба ӯ квартира медиҳанд, ман бошам ин пешниҳодро рад кардам..” – аз хотираҳои худ қисса мекунад модар, зимнан, эҳтимол, худро барои қарори он вақт қабул кардааш хаёлан мазаммат мекунад.
Ӯ кӯшиш намуд, ки ба қарори худ тавзеҳоти мантиқӣ диҳад: “Мефаҳмед, вақте ки ман нав мактаби миёнаро хатм намудам, ман аз падарам разведчики машҳури шӯравӣ Раҳим Бурҳонов маслиҳат пурсидам, ки ба куҷо дохил шавам. Ва ӯ он вақт ба ман гуфт: “Кадом касберо, ки мехоҳӣ интихоб намо, вале дон, ки ман ба артист, ҳуқуқшинос, ҳарбӣ ва дипломат шудани ту қатъиян зид ҳастам”. Ин суханон ба як навъ нуқтаи назари хос дар оилаи мо табдил ёфтанд”
Дар вақташ худи Раҳим Бурҳоновро дар ҳайати 45 наврас барои таҳсил кардан падараш –сафири аввали Ҷумҳурии Шӯравии Мардумии Бухоро дар Германия Мирзо Абдулвоҳид Мунзим ба Германия бурда буд, ки дар он ҷо ӯ забони немисиро хуб аз худ кард.Раҳим Бурҳон “Штирлетси тоҷик” шуд, ба ӯ муяссар гардид, ки ба штаби разведкаи миллагароён ворид шавад ва ба агентураи рус доир ба нақшаҳои вермахт маълумот диҳад. Бурҳонов то унвони штурмбанфюрери СС хизмат кард ва ғалабаро дар госпитали Карлсбад истиқбол намуд.Маҳз ӯ генерали хиёнаткори советӣ Власовро дастгир карда ва дар ин бора шахсан ба Сталин хабар дода буд. Бурҳонов аз ҳукумати шӯравӣ мукофотҳои зиёде гирифта буд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, баъд аз вафоташ бо ордени Спитамен дараҷа I мукофонида шуд.
Мутаасифона, дар тақдири Дилшодбек набудааст, ки бо бобои машҳураш пайравӣ кунад... Ба ӯ ҳатто дар бораи ин пешниҳоди ҷозиби хадамоти махсус нагуфта буданд.Бо насиҳати модараш Дилшодбек ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуд, духтур шуд. “Ман ҳоло наметавонам аз назди донишгоҳи тиббӣ ашк нарехтани гузарам. Донишҷӯёнро дар тан хилъати сафед мебинаму ашк аз чашмонам ҷорӣ мешавад...” – бо дарду ҷонсӯз нақл мекнад зан.
Ӯ ба хотир меорад, ки ҳар ду фарзанди ӯ – ба писараш Дилшодбек ва духтараш Гулизор толеъ омад, ки хушбахтии айёми кӯдакиро бубинанд. “Ман он вақтҳо саросари кишварҳои собиқ шуравӣ ба сафарҳои хизматӣ мерафтам, азон ҷо ба онҳо либосҳои беҳтарин, бозичаҳои зебо, шириниҳои болаззатро меовардам.Ва онҳо солим ба воя мерасиданд, чи будани поликлиника ва беморхонаро намедонистанд”.
Бинобар ҳамин ӯро ташхиси (диагнози) тибии духтури ҳабсхона “сактаи дил” ба ғазаб меорад, зеро ӯ чунин мешуморад, ки Дилшодбек комилан марди солим буд ва агар касалии дил медошт, ӯро яқинан ба Афғонистон ба хизмат намефиристоданд.
Дар аввали соли 2013, аз ноил гардидан ба адолат ва ҷазо гирифтани шахсони гунаҳгор умеди худро канда, модари бечора ба Котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун мактуб навишт. “Ман ба мактуб якчанд акси (расми) писарамро, ки пеш аз дафн гирифта будем ва дар онҳо пайҳои лату кӯб дида мешуданд, замима намудам. Доир ба ҳар як акси замимашуда тавзеҳот пешниҳод намудам. Ҳоло бошад ҷавобро интизорам” – зикр намуд ӯ.
Ҳоло бе падар ду фарзанди Дилшодбек ба воя расида истодаанд- духтари ҳаштсолааш Ҷононхон ва писари шашсолааш Комронбек, ки барои онҳо дарк намудани ҳодисае, ки бо падарашон рӯй дод, ва чаро ӯ ҳамроҳашон нест хеле душвор аст...
Дар шаҳри Душанбе 2-юми июли соли 2016 дар синни 81-солагӣ Луъбат Бурҳонова, модари Дилшодбек Муродов вафот кард. Вақтҳои охир саломатии ў ҷиддан нохуб шуда буд. Баъди марги писараш ў инсулт гирифт.
Луъбат Бурҳонова моҳи марти соли 2016 бо дархости ҷуброни зарари маънавӣ барои аз даст додани таъмингар-писараш Дилшодбек Муродов ба Суди ноҳияи И. Сомонӣ муроҷиат кард. Ў дар ҳаҷми 334 950 сомонӣ ҷуброн талаб намуд. Ҷавобгар СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
Аммо Суди ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ 16-уми июни соли 2016 дархости Луъбат Бурҳоноваро дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ қонеъ накарда, қарори худро чунин асоснок намуд, ки қаблан низ нафаре, ки ба сифати гунаҳгор дар марги Муродов ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шавад, маълум нагардида буд.
Аз болои ин қазия Прокуратураи генералӣ бо қисми 3-и моддаи 110-и КҶ ҶТ (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, аз беэҳтиётӣ, ки боиси марги ҷабрдида гардидааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ барои набудани таркиби ҷиноят 4 маротиба қатъ гардид ва баъди шикоятҳои чандинкарата аз сари нав оғоз шуд, аммо бо сабаби муайян нагардидани шахси гунаҳгор боздошта шуд.