Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар силсилаи тренингҳоро мегузаронанд.
Мавзуи тренингҳо «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи зидди шиканҷа, Қоидаҳои Мандела, Қоидаҳои Пекинӣ, Қоидаҳои Бангкокӣ, Протоколи Истамбулӣ)» аст.
Тренингҳо аз моҳи март оғоз ёфта, аз он вақт то ин ҷониб 10 тренинг (бо фарогирии 240 корманд) дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд гузаронида шуд.
15-16-уми июн тренинги даҳум барои кормандони муассисаҳои пенитенсиарии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар рӯзи аввали тренинг бо рӯнамоии Стратегияи ислоҳоти системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 роҳбари шуъбаи кадрҳои СРИҶҶ Сироҷиддин Нуров баромад кард. Дар бораи уҳдадориҳои байналмилалии кишварҳо (ҳуҷҷатҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва тавсияҳои асосии оҷонсиҳои СММ) Абдураҳмон Шарипов - ҳуқуқшиноси ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки шомили Эътилоф аст, сухан гуфт.
Ӯ ҳамзамон дар мавзуи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа: шарҳи меъёрҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои давлат» баромад карда, оид ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо изҳори назар намуд.
Парвина Наврӯзова дар бораи Дастурамал оид ба тафтиши самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо сухан гуфт.
Тақдиршо Шарипов - профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии ДМТ дар бораи ҳуқуқҳои маҳбусон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои ҳадди ақали СММ оид ба муносибат бо маҳбусон - Қоидаҳои Нелсон Мандела изҳори назар кард.
Шарипова Мадина - номзади илмҳои равоншиносӣ, дотсенти кафедраи равоншиносии факултаи фалсафаи ДМТ оид ба хусусиятҳои кор ва офиятбахшии маҳбусон ва масоили касбият миёни кормандони муассисаҳои пӯшида маълумот пешниҳод кард.
Тренерҳои тренингҳо Зуҳра Мирзоева, ТҒД "Ҷаҳон" ва Азиза Маматова, муаллими калони кафедраи равоншиносӣ буданд.