СРИҶҶ: мулоқот бо маҳбусон дар робита ба хурӯҷи нави COVID-19 манъ нашудааст

Намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар робита ба мавҷи навбатии сирояти коронавирус дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст.

«Мулоқот бо хешовандону адвокатҳо бо тартиби қаблӣ амалӣ карда мешавад. Талаботи ягона барои боздидкунандагон – ин мавҷудияти тести манфии коронавирус ва риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ аст»,- зикр намуд манбаъ.

Манъи мулоқотҳои кӯтоҳмуҳлату дарозмуҳлат бо маҳбусон дар давраи мавҷи якуми сирояти коронавирус тӯли ҳафт моҳ – аз моҳи март то моҳи ноябри соли 2020 идома ёфт. Дар ин давра ба хешовандон инчунин иҷозати расонидани бастаҳо дода нам ешуд. Дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояҳояшон низ маҳдуд буд.

NoTorture.Tj