Шиканҷа худ ҷиноят аст

Шиканҷа худ ҷиноят аст

«Шахсе, ки шиканҷа додааст, гунаҳкор аст, вале он нафаре, ки шиканҷаро пинҳон доштааст, гунаҳкортар». Ин ҷумларо чанде пеш дар пайнавишти хабаре тариқи шабакаи ҷаҳонии Интернет хондам ва ба андеша афтодам. Воқеан, чаро чунин амал содир мешавад, вале маълум кардани гунаҳкорон кам ба назар мерасад? Бахусус дар Тоҷикистон, ки масъулини мақомот пайваста аз шаффофияти фаъолиятҳояшон сухан мегӯянд. Бубинед, ки тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар ҳамагӣ 5 мавриди шиканҷа собит шудааст. Ин омор аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Ё дар ҳақиқат барои Тоҷикистон калимаи «шиканҷа» бегона асту онро сокинони «ҳассос» бофта баровардаанд? Ё нафаре ба хотири сабукӣ овардан ба пайванди маҳбусаш бо дастак кардани «шиканҷа» ҳангома сохтааст?

Коршиноси масоили амниятӣ Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, ки аслан сарусадо дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо гапи нав нест. «Ба назар мерасад, ки шиканҷа дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад. Ҳатто ҳамин Амрикое, ки худро беҳтарин намунаи соҳиби демократия меномад ва эълон медорад, ки дар пояи он дар ҳеҷ ҷои олам озодии баёну андеша вуҷуд надорад, зиндониёнаш шиканҷа мешаванд. Гуантанамо, ки як зиндон барои атбоъи хориҷӣ ва муттаҳамин ба терроризм аст, бошандагонаш бо бадтарин шеваҳо шиканҷа мешаванд. Дар қаламрави шӯравии собиқ ҳол аз ин бад аст. Тозатарин рӯйдод - ин қазияи Гурҷистон аст»,- меафзояд ӯ.

Ҳамсӯҳбатамон дар мавриди таъсири ҳолатҳои шиканҷа ба ҷомеа ва муносибати масъулини мақомот ба он изҳори назар карда, аз ҷумла мегӯяд: «Ба назарам, агар ковоков шавад, шиканҷаи зиндониён дар ҳамаи кишварҳо ошкор мегардад. Бахусус дар мамолики пасошӯравӣ. Вале танҳо ҳукуматҳои нисбатан мутамаддин ба ин гуна фактҳо вокуниш нишон медиҳанд. Масалан, дар Гурҷистон баъди ошкор шудани шиканҷа вазирон ба истеъфо рафтанд. Ҳатто кормандони дипломатӣ ба нишони эътироз арзиаи истеъфо навиштанд. Ин рӯйдод бидуни шак ба ҳайсияту обрӯи сарвари Гурҷистон таъсири манфӣ расонд ва бидуни шак дар интихоботи қарибулвуқӯъ таъсираш бештар хоҳад расид. Вале мутаассифона, дар Тоҷикистон ин гуна рӯйдодҳо оддӣ қабул карда мешавад. Ҳукумат вокуниш нишон намедиҳад, ҳарчанд аллакай аз шиканҷа фавтидани афродро борҳо гӯшзад кардаанд. Созмонҳои байналмилалӣ эътироз мекунанд, вале мақомдорон ба ҷои кӯшидан ба ислоҳи камбудӣонро такзиб мекунанд. Ин хеле бад аст. Набояд камбудӣ пӯшида шавад. Он бояд ислоҳ гардад. Агар ислоҳ шавад, такрори он муҳол аст».

Аммо худи шиканҷа аз куҷо маншаъ мегирад, яъне чаро содир мешавад ва роҳи пешгирии он кадом аст? Дар ин маврид Б. Шафеъ мегӯяд: «Сабаб кӯҳнакории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Онҳо то ҳол бо ҳамон шеваи қаблӣ кор мекунанд ва шояд фикр доранд, ки агар натарсонанд, гунаҳкор иқрор намешавад. Вале агар далели ҷиноят ошкор бошаду исбот карда шавад, чаро қабул накунад? Агар таваҷҷӯҳ дода бошед, ҳатто президент борҳо ба ин мавзӯъ ишора кардааст. Пас бояд ислоҳ шуд. Умуман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба як ислоҳоти бунёдӣ ниёз доранд. Ин ислоҳот бояд аз барномаҳои таълими ибтидоие оғоз шавад, ки афрод ба нияти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудан дар он таҳсил мекунанд. Факултаҳои ҳуқуқу академияи милитсияву амнияту дигару дигар. Яъне, то шеваи бархӯрд бо инсоназ ҷониби корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тағйир наёбад, гумон аст, ки шиканҷа кам шавад. Бо эроду гуфтани сарвари давлату вазиру дигар соҳибмақомҳои сатҳи олӣ кор беҳ намешавад. Ислоҳоти бунёдӣ лозим, то милиса ба фаҳми ин нукта расад, ки шиканҷа худ ҷиноят аст».

Ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов дар тақвияти гуфтаҳои Б. Шафеъ вуҷуд доштани шиканҷаро қоил аст. Ӯ ҳамчунин қоил аст, ки ҳуқуқҳои инсон дар бисёр маврид вайрон карда мешаванд ва муқассир кормандони ҳифзи ҳуқуқанд, чун дониши казоии ҳуқуқӣ надоранд.

- Бидуни ягон шаку шубҳа бояд иқрор шавам, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбас шахсони гумонбару маҳбусон мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Сабаби чунин ҳолат дар он аст, ки шаффофият дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтторҳои марбутаи он вуҷуд надорад ва онҳоро ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ назорат карда наметавонанд. Бо вуҷуди он, ки бо дарназардошти ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар робита ба таъмини бештари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, кӯшиши ислоҳот аз ҷумла дар мақомоти ишоранамудаам буд. Таҷриба гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо ягон натиҷаи назаррас надода истодаанд. Тибқи Кодекси мурофиавӣ, зимни гузаронидани бозпурсӣ ва амалиётҳои дигари тафтишотӣ мутахассисони соҳаи марбута бояд дар асоси далелҳои раднашаванда ҷой доштани кирдорҳоеро, ки дар он аломатҳои ҷиноятӣ ҷой доранд, исбот намуда, бидуни азобу шиканҷа ва таҳдиду таҳқири гумонбаршуда парвандаҳоро барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд пешниҳод намоянд. Дар Кодекси ҷиноятӣ барои сӯйистифода аз мансаб ва риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ меъёрҳое пешбинӣ шудаанд, ки тибқи онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳатто аз озодӣ маҳрум менамоянд. Бояд таъкид намоям, ки дар Тоҷикистон барои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаҳои ҳуқуқии зарурӣ ба вуҷуд оварда шудааст, вале хусусияти низоми сиёсӣ ва номукаммалии он, аз ҷумла нокифоягии сатҳи дониш ва камбудиҳои ҷойдошта дар сиёсати кадрии давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боиси мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегарданд. Борҳо созмонҳои байналмилалӣ ва журналистону сиёсатмадорони ватанӣ кӯшиш намуда буданд, ки таваҷҷӯҳи раҳбарияти сиёсиро ба вазъияти ногувор дар робита ба халалдор гардидани ҳуқуқу озодиҳои гумонбарон, судшавандаҳо ва маҳбусон ҷалб намоянд. Баъзе тавсияҳо низ дода буданд, аммо бо кадом сабаб бошад, то ҳол аз пешгирии ин мушкилот ва андешидани тадбирҳои мушаххас худдорӣ карда истодаанд,- иброз медорад ӯ.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳатто аз нигоҳи динӣ ҳам ситам кардан ба ҷони як нафар гуноҳи кабира аст. Диншиноси тоҷик Шавкати Муҳаммад мегӯяд, ки раво дидани шиканҷа ва зулмро дини мубини ислом на фақат ба инсон, ҳатто ба ҳайвон ҳам маҳкум мекунад.

- Ислом озори шахсиятро ҳатто тавассути сухан қатъиян манъ кардааст. То андозае, ки ҳатто дар вақти насиҳату адаб омӯхтан низ Қуръони карим дастур медиҳад, то насиҳат бо суханҳои хуб ва бидуни малоли хотирҳо ба роҳ монда шавад: «Ба роҳи парвардигорат бо суханҳои некӯ ва мавъизаҳои ҳасана даъват намо». Дар сураи Аҳзоб, ояи 58 Худованд мефармояд: «Ва касоне, ки мардони мӯъмину занони мӯъминаро бе ҳеҷ гуноҳе, ки карда бошанд, меозоранд, тӯҳмату гуноҳи ошкореро бар дӯш мекашанд». Баҳра аз ин ояи шариф ин аст, ки ҳар кӣ бо истифода аз мақому мансаби худ ба озору азият даст мезанад, гуноҳи бузургро муртакиб шудааст ва дур нест, ки худи ӯ ба тӯҳмату бӯҳтон гирифтор омада, дар худи ҳамин дунё хору залил шавад. Зеро ҳамчунон, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Касе, ки мӯъминро озор додааст, ба дурустӣ бояд бидонад, ки Аллоҳро озор додаст». Ҳатто дар як ҳадиси қудсӣ Паёмбар (с) мефармоянд, ки: «Аллоҳ мегӯяд: Касе, ки як дӯсти маро озор диҳад, гӯё бо ман ҷанг эълон кардааст». Дӯстони Худо мӯъминонанд ва ҳаргиз иҷоза нест, ки дар муносибат бо мусалмон аз роҳи шиканҷа кор гирифта шавад. Чун аз ин гуфтаҳои Худову расулаш дидем, шиканҷадиҳанда ғазаби Аллоҳро нисбат ба худаш боло мекунад ва ҳар кӣ ба ғазаби Худо дучор мешавад, ҷойгоҳаш маълум аст,- меафзояд номбурда.

Ш. Муҳаммад ҳамзамон ба воқеияти шиканҷа ишора карда, изҳор медорад, ки марги иҷбории як нафар дар пайи латукӯб раҳмовару ношоям аст: «Имрӯзҳо дар бисёр маврид шоҳиди он мешавем, ки аз дасти давлатмардони мо раъият бидуни ҷурме азияту шиканҷа мебинанд. Ҳатто бо камтарин ҷурме ба дасти масъулони мақомоти тартибот касе фуромад, ба латукӯби онҳо дучор шуда, захм мебардорад. Дар бисёр маврид инсон ба шиканҷа тоб оварда натавониста, гуноҳҳои вазнинро ба гардан мегирад. Хусусан ин кор ба маҳбусони муваққатӣ, ки то суд шудан дар СИЗО мешинанд, раво дида мешавад. Бубинед, агар бечора гумонбаршаванда дар натиҷаи азият ва зулму шиканҷа аз маргу дарди ҷонкоҳ ҳаросида, фақат зинда монданро орзу карда, гуноҳро ба гардан гирад, вале аз зарбу латукӯби кормандони маҳбас ҷон супорад, хело дарднок ва аламовар аст».

Пас бо як нафар маҳбус ва ё гумонбаршуда дар зиндону тавқифгоҳ муносибат бояд чӣ гуна бошад? Дар ин замина ҳамсӯҳбатамон мегӯяд:

- Маҳбус ҳарчанд гунаҳкор аст, аммо бояд ҳамеша каромати инсонӣ ба инобат гирифта шавад. Маҳбасхона вазифадор аст, ки маҳбусро аз латукӯб шудан муҳофизат кунад, на ин ки корманди худаш ба латукӯб даст занад. Вақти беморӣ бояд маҳбусро бо доруву духтур таъмин намоянд, дар вақти муайяншуда бо ҳамсараш шароити хуфт омода кунанд, бо хӯроки ройгон таъмин намоянд. Ҳамаи ин низом ба хотири каромати инсонӣ дар қавонини байналмилалӣ ҷой дода шудааст ва аксарияти мамолики дунё шиканҷа нисбати маҳбусонро маҳкум мекунанд. Чун донистем, ки каромати инсонӣ муқаддас аст ва он бояд риоя карда шавад, ҳеҷ гоҳ ба зулму шиканҷа набояд роҳ дод. Хусусан масъулони тартибот бояд аз рӯи инсоф кор бигиранд ва аз Худои хеш битарсанд. Паёмбар (с) мефармоянд: «Ду тоифа аҳли дӯзах ҳастанд, ки аз онҳо якеашро ман надидаам. Ин тоифа онҳое ҳастанд, ки дар даст қамчинҳое мисли думи гов гирифта мегарданд ва бо он мардумро азият мекунанд». Ҳамин қамчинро аксари муҳаддисон дубинкаи ҳозира нозирони тартибот мегӯянд, ки дар замони Паёмбар (с) набуд.

 

Фазлиддин ХОҶАЕВ