ГКҲ: 14 муроҷиат оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ шуд

 Фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқии (ГКҲ) Эътилофи зидди шиканҷа ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба аризаҳо оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмона ва таъсиси механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар мавриди расонидани кумаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

Дар нимсолаи аввал аз ҷониби котиботи Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилоф 14 муроҷиат оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ шуда, кор аз рӯйи 9 парвандаи солҳои қаблӣ идома ёфт.

Нақзи асосии ҳуқуқи инсон дар раванди боздошт ва гузаронидани тафтишот: боздоштҳои ғайриқонуниву худсарона, зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа бо ҷараёни барқ, таҳдиди таҷовуз ба худи қурбонӣ ва/ё аъзои оила, тарс додан аз ҳабс, ҷазо, таҳқир.

Шиканҷаҳо ва муносибати бераҳмона бо мақсади ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ, ҷазо барои содири амалҳои муайян ё ба сифати чораҳои хомӯшиву паст задани шаъну эътибори шахсӣ истифода шудаанд.

Аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати мақомоти гуногуни давлатӣ ворид гардидаанд, аммо бештарашон нисбати мақомоти корҳои дохилӣ (11 аз 14) аст.

Дар нимсолаи соли 2021 мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузории шиканҷа аз рӯйи муроҷиатҳои шаҳрвандон роҳнамоиҳои ҳуқуқиро амалӣ карда, ба ҷазои маъмуриву интизомӣ дар нисбати нафарони гунаҳгор ноил гардиданд. Дар як ҳолат, ҳангоми шикоят аз шароити номусоиди боздошт, ки дар натиҷа маҳбус тамоман нобино шуда буд, мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ба интиқоли ӯ ба колонияи сукунатӣ муваффақ гардид. Маҳбус имконияти ҷарроҳии чашмро ба даст овард ва айни замон чорабиниҳои офиятбахширо мегузарад.

Мутахассисони Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ бо асосноксозии ҷалби сардори ШВКД ва судяҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парванда муваффақ гардиданд, ки нисбати муфаттиши тафтишкунандаи парванда қарор дар бораи ҳабси маъмурӣ баровард. Ҳангоми мурофиаи судӣ судя нисбати яке аз судшавандаҳо оид ба тағйири чораҳои пешгирикунанда қарор бароварда, ӯро аз толори суд ба ҳабс гирифт.

Мутахассисони ГКҲ дар ҳамкорӣ бо адвокатҳо барои ҷалб кардан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳукми айбдоркунанда аз рӯйи парвандаи Ҳасан Ёдгоров, ки соли 2017 зери шиканҷа худро дар куштори сокини Турсунзода гунаҳгор дониста, то вақте ки қотили эҳтимолӣ боздошт гардид, ҳашт моҳро дар СИЗО гузаронид, муваффақ шуданд.

Таҷрибаи пешниҳоди аризаҳо оид ба пардохти ҷуброни зарари маънавӣ ба судҳои гуногун идома дорад. Аз рӯйи парвандаи сокини Ашт Комил Хоҷаназаров (соли 2017 ба шиканҷа ва фишор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тоб наоварда, даст ба худкушӣ зад) ба фоидаи ҳамсар ва кӯдакони ноболиғаш қарор бароварда шуд. Ба ҳайси ҷавобгарон ВКД ва КДАМ ҶТ баромад карданд.

Таҳлили фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам таҷрибаи манфии дастрас накардани қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона вуҷуд дорад; ба адвокатҳо маводҳои санҷишҳои прокуриро бо он асос, ки ин маводҳо махфӣ маҳсуб меёбанд (барои истифодаи хидматӣ), дастрас намекунанд.

Ҳолатҳое мавҷуданд, ки адвокатҳо аз дастрасӣ ба маводҳои парвандаи ҷиноятӣ маҳрум гардидаанд. Даст кашидани қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо аз шикояти дигарбора нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар зинаҳои гуногуни пешбурди парванда ҳоло ҳам барои кори самараноки ГКҲ мушкили ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

Инкоммуникадо (нигоҳдорӣ бидуни робита бо олами беруна) ба таври васеъ истифода бурда мешавад, хусусан нисбати гумонбарон дар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин. Сарфи назар аз тағйиротҳои мусбат дар қонунгузории кишвар, чун пештара таҷрибаи талаб кардани иҷозат барои мулоқоти адвокат бо зерҳимояаш дар ҳузури муфаттиши тафтишкунандаи парвандаи ҷиноятӣ ё судяи парвандаи ҷиноятиро баррасикунанда истифода бурда мешавад. Сарфи назар аз ҷорӣ намудани ордерҳои навъи нав, маъмурияти СИЗО бо талаби иҷозати хаттии ҳатмии муфаттиш ё судя дастрасии адвокатро ба зерҳимояаш рад мекунад.

Сарфи назар аз он, ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз соли 2019 шиканҷа (моддаи 143, эзоҳи 1 КҶ ҶТ) ба рӯйхати ҷиноятҳое ворид мешавад, ки нисбаташон авф истифода бурда намешавад, аммо дар амал шахсони мутобиқи моддаи «Шиканҷа» ҳабсшуда аз рӯйи дигар меъёрҳои қонуни авф, бо нақзи уҳдадории давлат тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа ба кам шудани муҳлати ҷазояшон ноил мегарданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ фаъолияташро дар самти ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона идома дода, машварату кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод намуда, мониторинги мурофиаҳои судиро амалӣ кард. Дар якҷоягӣ бо гуруҳи таҳлилӣ дар самти омодасозии ҳуҷҷатҳо ба мақомоти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон кор кард. Якҷоя бо гуруҳи расонаӣ фаъолиятҳоро дар самти омодасозии матолиби иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ ва маълумотҳо аз рӯйи парвандаҳои алоҳида, қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона амалӣ намуд.

Ин ва дигар иттилоотро метавонед дар торнамои мо - https://notorturetj.org/, инчунин дар саҳифаҳои иҷтимоиямон дарёфт намоед:

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj  

NoTorture.Tj