Марги Меҳроҷиддин Гадозода: Шиканҷа ё фирор аз идораи пулис?

Хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдат, ки пас аз чанд соати боздошт аз сӯи кормандони милиса ҷон дод, аз тафтиши парвандаи марги ӯ розӣ нестанд.

Меҳроҷиддини 31 сола, се моҳ қабл ба гумони дуздӣ ба идораи Шӯъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Ваҳдат даъват шуд. Рӯзи 10-уми май ҳамроҳи падараш ба ШВКД-и Ваҳдат рафта, аммо  бегоҳии ҳамон рӯз ҷасадашро овардаанд. Хонаводааш мегӯяд, пас аз он ки ӯ ба идораи милиса меравад, ӯро дастгир намуда, мавриди шиканҷаву азоб қарор медиҳанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҷавон бо ҳадафи фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД-и Ваҳдат ба замин партофта, дар беморхона даргузашт. Пайвандонаш ба ин бовар надоранд ва иддао доранд, ки Меҳроҷиддин аз шиканҷаи кормандони милиса фавтидааст. 

Эҳтимол худро аз фишори равонию ҷисмонӣ ба поён партофтааст

Наздикони Меҳроҷиддин мегӯянд, ташхиси тиббӣ-судӣ  ҷароҳатҳои бадани ӯро дар пайи афтидан аз бинои идораи пулис собит накардааст. Салимҷон Сайфуллоев, вакили дифои ин хонавода шарҳ дод, ки дар асоси ваҷҳи мақомоти тафтишотӣ гуё Меҳроҷиддин ҳангоми пурсиш худро аз бинои  ШВКД-и Ваҳдат ба  замин партовфтааст. Вакиди дифоъ мегӯяд, тибқи навиштаи тафтишот гӯиё пурсиши Меҳроҷиддин озод гузашта, дар дасташ завлона  назадаанд ва ӯ худро  бе ягон ҳолати шиканҷа аз ошёнаи сеюм партофтааст.

"Аммо новобаста аз ин, мақомоти тафтишоти пешакӣ ягон далели эътимоднокро, ки ин ҳолатро исбот кунад пешниҳод накардааст. Аз эҳтимол дур нест, ки Меҳроҷиддин дар натиҷаи фишори равонӣ ва ҷисмонӣ худро аз бинои ШВКД партофтааст. Таҳлили санаду маводҳои ҷиноятӣ тафтиши ҳамаҷонибаи ин парвандаро  зери шубҳа мегузорад. Аз ҷумла камераи мушоҳидавӣ, ки дар бинои ШВКД насб кардаанд  бо нишондоди шоҳидон мувофиқат намекунад. Аз руи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ гӯиё Меҳроҷиддин дар вақти пурсиш худро аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД  партофтааст, аммо дар зери тиреза як кати хоб, ки паҳноии он тақрибан 1 метрро ташкил медиҳад, гузошта шудааст ва аз руи нишондоди  шоҳидон як табақи тирезаи ҳуҷраи корӣ пушида буд. Мантиқан фикр кунем Гадозода имконияти ҷисмонии аз ин тиреза ҳаво додани худро надошт. Ба ғайр аз ин, мақомоти тафтиши пешакӣ ҳатто таҳқиқи "дактиласкопи"-и тирезаро, бо мақсади муайян намудани изи ангуштони Гадозода муайян накардааст, ки ин ҳолат низ аз пурра набудани тафтиши пешакӣ гувоҳӣ медиҳад" -афзуд, Салимҷон Сайфуллоев, вакили дифоъ.

Бо таваҷҷӯҳ ба чунин шакҳу шубҳаҳо дар баррасии парванда, адвокати ҷабрдида аз додгоҳ дархост карданист, то парвандаро барои баррасии ҳамаҷониба ба тафтиши дубора баргардонад. Аммо то ҳол рӯшан нест, ки додгоҳ ин дархостро мепазирад ё не.

Ба ваҷҳои тафтишот дар мавриди марги Меҳроҷиддин падараш Файзулло Гадоев низ  розӣ нест ва пурсишҳои зиёде дорад, ки то ҳол ба қавли худаш посухашро наёфтааст.  Ӯ мегӯяд, фарзандаш ба ягон ҷинояти сангине ба мисли терроризм ва ё куштори нафаре гумонбар набуд, ки аз тарс худро аз сеюм ошиёна партояд. Ин мард аз он нигарон аст, ки  сабабу омилҳои марги фарзандаш холисона ва ба таври ҷиддӣ тафтиш нашудааст.

Хонаводаи Меҳроҷиддин ба фирори ӯ бовар надоранд, зеро...

Назира, ҳамсари Меҳроҷиддин Гадозода мегӯяд, мақомот ҳеҷ далеле  ба онҳо пешниҳод накарданд, ки фавти шавҳарашро бар асари фирор аз идораи милиса исбот созад.

"Аз рӯи нишондоди ташхиси тиббӣ майнаи сараш 7 сантиметр сурохӣ дошт, харошаҳоро нишон додааст, дасти рост шикастагӣ, дигар ягон санаде, ки исбот кунад  марги ӯ аз  фирор ё худро аз ошиёнаи сеюм партофтан сурат гирифта бошад, вуҷуд надорад,  ҳатто наворҳоро ба мо нишон надоданд,  либосҳояшро низ нишон надоданд, дар чунин ҳолат мо чӣ хел бовар кунем, ки ӯ худро партофтаасту фавтидааст? Ӯро  бо роҳи шиканҷа ба марг расониданд, агар худкушӣ буд,  бигузор далелҳоро ба мо нишон диҳанд"-афзӯд Назира, ҳамсари Меҳроҷиддин Гадозода.

"Омилони дигари марги писарам дар озодиянд"

Файзулло Гадоев, падари Меҳроҷиддин чандин бор ба  мақомоти қудратии  кишвар муроҷиат кардааст, то омилони марги фарзандаш барои даст доштан дар шиканҷа  ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба қавли вай, муроҷиатҳояш дар ҳеҷ ниҳоде ҷидӣ гирифта нашуд ва ягон посухи дақиқ низ дастрас накард: "Ман боварӣ дорам нафарони дигар низ миёни кормандони милиса дар шиканҷаву марги писарам даст доранд, лекин дар озодиянд, бояд онҳо назди қонун ҷавоб гӯянд".

Ба қавли вакили дифои ҷабрдида, моҳи апрел ҳангоми  боздошти Меҳроҷиддин  корманди милиса талаботи қонунгузории мурофиавии кишварро нақз кардаанд  ва бозпурсии Меҳроҷиддин ҳам расмӣ кунонида нашудааст.

Бо вуҷуди талошҳои ин хонавода барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги фарзандашон, Додситонии шаҳри Ваҳдат нисбати танҳо як нафар- капитани милиса Хушвахт Файзуллозода бо моддаи 322, қисми 2-и Кодеки ҷиноӣ парванда боз намудааст. Ин меъёри қонун "иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор" аст, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта, ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Нисбати капитани милиса парванда боз шуд, аммо дар озодист. Чаро?

Хушвахт Файзуллозода аз кор дар ШВКД-и Ваҳдат озод шудааст. Ӯ на дар ҳабси пешакӣ, балки дар озодист. Муфаттишон бо шарти берун нарафтан аз маҳали зист, ба ӯ иҷозат додаанд, ки дар озодӣ бошад. Дар ҳабси пешакӣ набудани вай боиси нигаронии хонаводаи Меҳроҷиддин шудааст. Падари ин ҷавон бар ин назар аст, ки ин корманди собиқи милиса ҳангоми дар озодӣ будан  метавонад ба парванда аллайҳаш таъсир расонида, худро аз ҷавобгарӣ дур созад.

Ҳуқуқшинос Салимҷон Сайфуллоев, ки аз ҳуқуқҳои хонаводаи Меҳроҷиддин дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳимоят мекунад, озодии капитани милиса  Хушвахт Файзуллозодаро ғайриқонунӣ донист. Ба гуфтаи ин адвокат," тибқи қонун айбдоршаванда ҷинояте содир карда бошад, ки ҷазоро  дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз 2 сол пешбинӣ мекунад, бояд дар ҳабси пешакӣ бошад, лекин талаботи моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки Хушвахт Файзуллозода ба он  айбдор шудааст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ солро пешбинӣ кардааст, бо вуҷуди ин мақомоти таъқиботи ҷиноятӣ интихоби чораи пешгириро дар намуди ҳабс нисбати ӯ  лозим нашуморидааст, ки ин мухолифи қонун аст".

Рӯзи 2-юми июл, дар додгоҳи Ваҳдат, дар назар буд,  нахустин мурофиаи додгоҳии Хушвахт Файзуллозода дар робита ба марги Меҳроҷиддин оғоз шавад. Судшаванда ба  толори додгоҳ ҳозир шуда, гуфт, ҳоло ба маводҳои парванда шинос нашудааст. Ин дар ҳолест, ки дар мақомоти прокуратураи шаҳри Ваҳдат гуфтанд, Хушвахт Файзуллозодаро ба маводҳои парванда шинос карданд ва ҳатто имзо низ гузоштааст.

Бо сабаби он ки ӯ омода набуд, додрас мурофиаро ба  таъхир гузошт. Он рӯз чунин бархуриди судшаванда ва ба дигар рӯз гузоштани мурофиаи додгоҳӣ хешовандони ҷабрдидаро бештар асабонӣ кард.

Норозигӣ аз тафтиш ва мурофиаи додгоҳӣ

Дар чанд мурофиаҳои  додгоҳӣ, ки моҳи июл баргузор шудаанд, Салимҷон Сайфуллоев, вакили дифои хонаводаи ҷабрдида  мегӯяд, асосан пурсиши шоҳидон гузаштааст. Ба ҳайси шоҳид чанде аз наздикони Меҳроҷиддин ва ду тан аз ҳамкорони собиқи судшаванда, яъне кормандони ШВКД-и Ваҳдат пурсида шудаанд.

Ба дархост вакили дифои ҷабрдида шоҳидони иловагӣ, аз ҷумла раиси деҳаи Кабиробод Нигматов Р. ба мурофиа ҷалб шуда, оид ба ҳолати кор мавриди пурсиш қарор гирифтааст.

Аз ҷараёни мурофиаҳои  додгоҳӣ ҳамсару падари Меҳроҷиддин пайваста изҳори норозигӣ мекунанд ва мехоҳанд дар қадами аввал гумонбар ба ҳабс гирифта шаваду баъдан дар баробари ӯ, дигар  омилони марги вай бояд дар курсии айборӣ нишинанд.

Меҳроҷиддин ягона писар дар оилаашон будааст, ки зиндагии хонаводаро пеш мебурдааст. Ӯ солҳои пеш дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст. Аз ӯ се фарзанд ятим мондаанд.

Файзулло Гадоев, падари Меҳроҷиддин бо гузашти бештар аз 4  моҳ аз марги писараш ҳанӯз ба худ наомадааст. Мегӯяд, марги фарзандаш ба рӯҳияи хонаводаашон таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Ин мард таъкид намуд, ки  ҳарчанд мақомот фарзанди ӯро ба дуздӣ муттаҳам карданд, вале Меҳроҷиддин ҳеҷ амали ғайриқонуние накарда буд.

Ин бори нахуст  нест, ки як гумонбар  пас аз боздошт аз сӯи мақомоти интизомӣ ба таври мармуз вафот мекунад. Дар гузашта чунин ҳолатҳо низ буданд, ки пас аз дастгир шудан аз тарафи маъмурони милиса, якбора хабари марги гумонбар ба хонаводааш мерасад.

Гуруҳи ёрии хуқуқии Эьтилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазои дар Тоҷикистон

NoTorture.Tj