Барномаи радиоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон

2-юми декабри соли 2021 давоми як соат, аз соати 17:00 то 18:00 дар мавҷи мустақими Asia-Plus барномаи «Mix show»: Қонун ва ҳуқуқ[1] бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар доираи чорабинии 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!», ки аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ташкил карда шудааст, доир гардид.

Ба ҳайси коршиносон ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарипов ва ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Салим Сайфуллоев (ҳарду ташкилот ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дохил мешаванд) баромад карданд. Онҳо дар бораи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон сухан гуфта, ба саволҳои шунавандагон посух доданд.

Мақсади чорабинӣ роҳандозии фаҳмиши хислати умумии ҳуқуқи инсон аст. Бо дарназардошти саволҳои шунавандагон, ба хулоса омадан мумкин аст, ки чунин барномаҳо барои ба вуҷуд овардани таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон мусоидат менамоянд.

Барномаи радиоӣ аз се қисм иборат буд: пешниҳоди маълумот оид ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, машварати ҳуқуқии онлайнӣ ва саволуҷавоб бо шунавандагон.

Дар ҷараёни баргузории барномаи радиоӣ ба коршиносон чунин саволҳо пешниҳод шуданд:

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон кай Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаву ғайриинсониро имзо кард?
  • Шиканҷа чист?
  • Чӣ кор бояд кард, агар дучори шиканҷа гардӣ?
  • Агар ман дар тавқифгоҳ қарор дошта бошам, адвокат чӣ гуна пешниҳод карда мешавад?
  • Агар аз доғҳои дар натиҷаи шиканҷа бардошта осоре намонда бошад чӣ?
  • Оё нишондодҳои дар натиҷаи шиканҷа бадастомада далел барои исбот буда метавонанд?
  • Чӣ бояд кард, агар аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шавад?
  • Фаразан, агар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаву суд ҳукми айбдорӣ барорад, ба ман ягон хел ҷуброн дастрас мегардад?

Коршиносон бо истинод ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, қонунгузории миллӣ ба саволҳо ҷавоби пурра дода, мисолҳои амалӣ оварда шуданд.

Дар рафти барномаи радиоӣ инчунин саволи зерин пешниҳод гардид, ки бештар таваҷҷуҳи шунавандагонро ҷалб карда буд:

  • Оё хушунати хонаводагӣ метавонад шиканҷа шуморида шавад?

Коршиносон посух доданд, ки барои мушаххас намудани амалҳои зӯроварона ҳамчун шиканҷа, шахси аз зӯроварӣ истифодабурда бояд нафари ваколатдор бошад, яъне шахсе, ки аз рӯйи ваколатҳояш тафтишоту тадқиқот мегузаронад ва мақсадҳои муайян дорад, масалан ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ. Дар ҳолати хушунат нафари аз он истифодабурда яке аз ҳамсарон ё узви оила аст.

Дар ҷараёни барномаи радиоӣ коршиносон шарти таҳаммулпазириро нисбати шиканҷа шарҳ доданд, чун озодӣ аз шиканҷа ба мисли озодӣ аз ғуломӣ ҳуқуқи ҳатмии инсон ба шумор меравад. Ягон кас ягон вақт набояд ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор гардад. Ҳар як чунин амали нафарони ваколатдор нисбати шахсони ба таъқиби ҷиноятӣ дучоршуда шиканҷа ба шумор меравад ва бояд дар пай ҷазо дошта бошад. 

Баргузории чорабинӣ бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг имконпазир гардид.

NoTorture.Tj