Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» («Начало») - узви нави Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо ҷавонони вилояти Суғд як қатор вохӯриҳои иттилоотӣ гузаронид.
Вохӯриҳо дар American space дар шаҳрҳои Хуҷанд (8-уми декабр), Исфара (10-уми декабр) ва Панҷакент (12-уми декабр) доир гардиданд.
Мақсади чорабинӣ маълумотноксозии ҷавонон дар мавриди ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва дарки арзишнокии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.
Дар чорабиниҳо зиёда аз 100 нафар ҷавонон иштирок карданд. Барномаҳои чорабиниҳо дар ҳар се шаҳр яксон буданд - барои иштирокдорон филми кӯтоҳмуддат оид ба таърихи ҳуқуқи инсон ва қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон намоиш дода шуд, маърӯзаи кӯтоҳ дар мавриди ҳуқуқи инсон ва шартҳои ону механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон гузаронида шуда, бозиҳову озмунҳо роҳандозӣ гардиданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барои иштирокдорон дар заминаи Kahoot бо 20 савол оид ба ҳуқуқи инсон онлайн-квиз гузаронида шуда, иштирокчиёни дорои натиҷаҳои беҳтарин соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Инчунин озмун эълон карда шуд: иштирокдорон бояд дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» нашрҳо коштаву иштирокашонро дар чорабинӣ зикр менамуданд ва хештеги #ДеньПравЧеловека #Начало #Ибтидо мегузоштанд. Зиёда аз 35 чунин матлаб пахш гардида, 15 нафаре, ки барои нашрҳояшон баҳои бештар гирифтанд, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Фарогирии чорабинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: 16 ҳазору 100 нафар
Инстаграм: 10 ҳазору 600 нафар
Нашрҳо дар бораи чорабинӣ:
https://www.instagram.com/p/CXI20ZpIbYw/
https://www.instagram.com/p/CXQCV7Tq5Co/
https://www.instagram.com/p/CXShppcK3A7/
https://www.instagram.com/p/CXWZ2e3KnOE/
https://www.instagram.com/p/CXXbIFyKEHA/
https://www.facebook.com/ibtidotj/posts/272494088257203
https://www.facebook.com/ibtidotj/posts/276028717903740
https://www.facebook.com/ibtidotj/posts/275270791312866