Соли нави омадаистодаи 2022 муборак!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати Соли нави 2022 муборакбод мегўяд!

Таманно дорем, ки дар соли нав ҳама хоҳишҳоятон ҷомаи амал пўшанд. Бигузор ба ҳама ҳадафҳоятон бирасед ва наќшаҳоятон амалӣ гарданд. Бигузор ҳама нохубиҳову нохушиҳо дар соли сипаришаванда монанд. Дар соли нав бароятон дарки эҳсосоти нав, дидани зиёд навгониҳо, вохўрдан бо одамони нав, оғози лоиҳаҳои навро таманно дорем. Бигузор Соли нав ба ҳар як хонадон табассум, саломатии бардавом, дастоварди моддӣ ва имконият дар ҳама ҷову барои ҳама чиз ато намояд!

http://www.notorturetj.org/

NoTorture.Tj