Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати иди баҳор - ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният мегӯяд!

Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Ба муносибати ҷашни Наврӯзи фархундапай, ки ҳамзамон, соли нави миллиамон мебошад, бароятон саломатӣ, умри дароз, комёбиҳои беназир, дастовардҳои касбӣ ва пешравиҳои нав ба навро орзумандем.

Бигузор Наврӯз ба шумо хонаободӣ, файзу баракат, сарбаландиҳо бубахшад!

Бигузор иди баҳор ва оғози соли нав ба ҳаёти шумо танҳо эҳсосоти мусбат, беҳбудӣ ва барори кор армуғон орад!

NoTorture.Tj