СҶТ: Ҳамкорӣ миёни системаи тандурустӣ ва адолати судӣ аҳамияти зиёд дорад

Бо гузашти муддати зиёд аз оғози пандемияи коронавирус, ҳанӯз ҳам хавфи COVID-19 дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад ва нигаронии аҳоливу созмонҳои тандурустиро ба бор овардааст.

Ҳоло ҳам доираҳои гуногун маҳбусонро бештар осебпазир медонанд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз 15-уми марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо нашри як роҳнамои муваққатӣ бо номи “Омодагӣ, пешгирӣ ва назорати COVID-19 дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс” ба ин масъала таваҷҷуҳ карда буд.

Тавре дар роҳнамои муваққатӣ зикр гардидааст, маҳбусон ва шахсони дар маҳбасҳо қарордошта дар давраи пандемияи коронавирус (COVID-19) нисбат ба кулли аҳолӣ осебпазиртаранд, зеро дар наздикии ҳамдигар қарор доранд. Таъкид шудааст, ки ин омил метавонад сарчашмаи паҳншавии сироят ҳам дар дохил ва ҳам берун аз муассисаи пенитенсиарӣ гардад. Барои ҳамин, масъалаи ҳифзи саломатӣ дар муассисаҳои пенитенсиарӣ низ чун ҳифзи тандурустии аҳолӣ дар умум муҳим аст.

Тавре зикр карда мешавад, агар дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс баҳри пешгирии сироят чораҳо андешида нашаванд ва ташхису табобат таъмин нагардад, талошҳо барои пешгириву назорати COVID-19 миёни аҳолӣ дар умум камранг хоҳад буд.

- Дар бисёр кишварҳо пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ дар маҳбасҳо дар тобеияти вазорати адлия/вазорати корҳои дохилӣ аст. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки уҳдадорӣ бар дӯши вазорати тандурустӣ аст, ҳамкорӣ миёни системаи тандурустӣ ва адолати судӣ аҳамияти зиёд дорад, чун сухан дар бораи зарурияти таъмини ҳифзи саломатии одамон дар умум меравад,- омадааст дар роҳнамои муваққатӣ.

NoTorture.Tj