Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳамкорони муҳтарам, дӯстон,
Ба таваҷҷуҳи шумо матлаби мазкурро мерасонем: «Агар шумо қурбонии шиканҷа ё муносибати бераҳмона бошед, чӣ бояд кард?».
Дар бораи алгоритми амалҳое нақл мекунем, ки барои исботи қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона шудани шумо ё наздиконатон кумак мерасонад. Аз ҷумла:
1). Ҳангоми ба прокуратура муроҷиат кардани қурбонии шиканҷа/муносибати бераҳмона чиро донистан зарур аст?
2). Қурбонии шиканҷа/муносибати бераҳмона чӣ гуна бояд аз қарори рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ шикоят кунад?
3). Агар муфаттиш оғози парвандаи ҷиноятиро аз рӯйи далели латукӯби шумо рад карда бошад, ҳуқуқи ба прокуратура ё суд шикоят карданро доред. Шарҳ медиҳем, ки ин корро чӣ гуна бояд амалӣ созед.
Инчунин, агар шумо шиканҷа шуда бошед ва мехоҳед адолатро дар Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ барқарор созед, дар бораи алгоритми амалҳо нақл мекунем.