Тавсия: Боздоштшудагон бояд иттилооти дақиқ ба даст оранд

Аз замони пайдоиш то имрӯз, ҳоло ҳам хатари сироятёбӣ аз бемории коронавирус вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол, тавсияҳои Зеркумита оид ба огоҳсозӣ аз шиканҷа ба давлатҳои иштирокчӣ ва механизми миллӣ дар робита ба пандемияи коронавирус, ки 25-уми марти соли 2020 қабул шуда буданд, ҳанӯз ҳам муҳимияти худро гум накардаанд.

Дар банди дуюми тавсияҳои мазкур оид ба чораҳое гуфта шудааст, ки бояд аз ҷониби давлатҳо нисбати тамоми ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла маҳбасҳо, марказҳои нигоҳдории муҳоҷирон, лагерҳои пӯшидаи гурезагон, беморхонаҳои руҳӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ андешида шаванд.

Дар қатори тавсияҳо зикр гардидааст, ки давлат барои хидматрасонии маҳбусон уҳдадор аст ва бояд ба кормандони тиббиву боздоштшудагон таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Зимнан, аз қоидаҳои Нелсон Мандела иқтибос оварда шудааст, ки “... ба маҳбусон бояд ҳамон хидматгузории тиббие расонида шавад, ки барои ҷомеа вуҷуд дорад ва онҳо бояд бидуни ягон табъиз ба хидматрасониҳои тиббиву санитарӣ дастрасӣ дошта бошанд”.

Ҳамҳзамон, тавсия дода шудааст, ки имконият фароҳам оварда шавад, то аъзои оилаҳову хешовандон тавонанд боздоштшудагонро бо дарназардошти талаботу риояи чораҳои зарурии ҳимоятӣ бо хӯрока ва дигар воситаҳои гигиенӣ таъмин намоянд.

Инчунин, тавсия дода шудааст, ки кафолатҳои асосии ҳимоят аз муносибати бераҳмона (бо шумули ҳуқуқ ба дастрасӣ ба машварати мустақили тиббӣ, кумаки ҳуқуқӣ ва огоҳсозии тарафи сеюм оид ба боздошт) сарфи назар аз маҳдудияти дастрасӣ амалкунанда боқӣ монанд.

- Бояд мусоидат карда шавад, то ҳамаи боздоштшудагон ва кормандон оид ба чораҳои андешидашуда, давомнокии онҳо ва омилҳои қабул гардиданашон иттилооти дақиқу эътимоднок ба даст оранд,- аз ҷумла гуфта мешавад дар рӯйхати тавсияҳо.

NoTorture.Tj