СҶТ: Хисороти “КОВИД-19” дар маҳбасҳо метавонад гуногун бошад

Дар раванди таҳдидҳои бемории коронавирус, ҳанӯз ҳам амалисозии дастурамали муваққатии “Омодагӣ, пешгирӣ ва назорати “КОВИД-19” дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс”, ки 15-уми марти соли 2020 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қабул гардида буд, аҳамиятнок аст.

Дар банди асосноксозии дастурамали мазкур зикр мегардад, ки маҳбусон ва нафарони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта дар мавриди гирифторӣ ба ҳама гуна бемориҳо осебпазиртаранд. “Худи далели маҳрумият аз озодӣ дар умум тасдиқи он аст, ки ҷисман дар наздикии ҳамдигар қарор доштани одамон хатари паҳншавии сироятҳоеро чун “КОВИД-19” метезонад”,- гуфта мешавад дар банди мазкур.

Бино ба зикри дастурамал, бо дарназардошти вазъи коронавирус дар ҳар кишвари мушаххас, хисороти “КОВИД-19” дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс метавонад гуногун бошад.

Бинобар ин, ин тавсия дода шудааст, ки дар ҳамаи давлатҳо қабл аз ҳама ба пешгирии таъсири манбаҳои сироятсозӣ дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.

NoTorture.Tj