Дар мониторҳои пойтахт видеороликҳо бо гуфтаҳои шахсиятҳои машҳур дар бораи манъи татбиқи шиканҷа намоиш дода шуданд

Иқдом аз санаи 1 то 10 июн дар доираи маъракаи «Нест бод шиканҷа ва беҷазоӣ!» баргузор гардид.

Аз санаи 1 то 10-уми июни соли 2022 дар доираи гузаронидани маъракаи  «Нест бод шиканҷа ва беҷазоӣ!», ки ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа бахшида шудааст, дар мониторҳои калони шаҳри Душанбе: дар чорроҳаи Мағозаи универсалии марказӣ (ЦУМ), дар чорроҳаи Хонаи матбуот (Дом печати), дар наздикии меҳмонхонаи "Душанбе", дар гардиши назди Сирк, рӯ ба рӯи бозори "Меҳргон", рӯ ба рӯи амфитеатр ва назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ видеороликҳо бо гуфтаҳои намояндагони мақомоти давлатӣ ва шахсиятҳои машҳур дар бораи манъи шиканҷа намоиш дода шуданд. Видеороликҳо ба принсипҳои ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, моддаи 5-и Эъломияи умумиҷаҳонӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои ососӣ “Ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирад” асос ёфтаанд.

Якҷанд гуфтаҳоро ҳамчун мисол меорем:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бо дарназардошти арзиши баландтарини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, қатъиян изҳор менамоям, ки ҳеҷ ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳақ надорад шиканҷа ва муносибати таҳқиркунандаи шаъну шарафро ба ҳеҷ ваҷҳ татбиқ намояд».

Спикери палатаи болоии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ: «Ба татбиқи шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон бо гумони содир намудани ин ё он ҷиноятҳо, аз ҷумла, шахсоне, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, хотима дода шавад ва муносибатҳои ғайринизомномавӣ дар сафи артиши Тоҷикистон қатъ карда шавад».

Маърӯзачии махсуси СММ оид ба масъалаи шиканҷа Нильс Мельцер: «Манъи комил ва умумиҷаҳонии татбиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ин ягон шиори декларативӣ нест, ки онро метавон дар конфронсҳои байналмилалӣ давра ба давра такрор намуд. Он иродаи сиёсӣ, омодагӣ барои қабули қарорҳои мушкил ва рӯ овардан ба ҳақиқати ногуворро талаб мекунад».  

Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон: “Касе мавҷудияти далелҳои алоҳидаи татбиқи шиканҷаро рад намекунад. Татбиқи шиканҷа ҳатто дар кишварҳои тараққикардаи дунё вуҷуд дорад. Муҳим он аст, ки иродаи муайян барои анҷоми шиканҷа бо амалҳои воқеӣ тасдиқ карда мешавад”.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода: “Усулҳои зиёде барои ошкор намудани ҷиноят мавҷуданд. Усулҳои оперативӣ, тафтишотӣ ва дигар усулҳои ошкор намудани ҷиноят ба ёрии шаҳрвандон мавҷуданд. Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки бигзор 100 ҷиноят ошкорнашуда боқӣ монад, вале ҳеҷ гоҳ ба шиканҷа даст назанед”.

Ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳоятон, ба телефонҳои боварии зерин муроҷиат намоед:

         Прокуратураи Генералии ҶТ: (+992 37) 235 – 11 – 11

         Прокуратураи ш.Душанбе: (+992 37) 221 53 27

         Прокуратураи вилояти Хатлон: (+992 3222) 22246

         Прокуратураи вилояти Суғд: (+992 3422) 51818

         Прокуратураи ВМКБ: (+992 3722) 22641

         Вазорати корҳои дохилии ҶТ: (+992 37) 221 – 21 – 21

Телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:

        Вилояти Хатлон ва ВМКБ: +992 98 787 66 66

        Вилояти Суғд: +992 98 787 33 33

        Шаҳри Душанбе ва НТҶ: +992 98 708 76 76

Чорабинӣ бо дастгирии молиявии фонди Зигрид Раузинг имконпазир гардид.

NoTorture.Tj