Вохӯрии корӣ оид ба стандартҳои Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва пешбурди ММП

Аз 10 то 12-уми майи соли 2022 дар осоишгоҳи «Сатурн» оид ба стандартҳои Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва тасвиби он, инчунин оид ба пешбурди Механизми миллии пешгирикунандаи шиканҷа дар сатҳи миллӣ вохӯрии корӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ оид ба тасдиқи Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа (ПФКЗШ), инчунин маълумотноксозӣ оид ба ҳадафҳо, вазифаҳо ва моделҳои Механизми миллии пешгирикунанда (ММП) буд. Барои ба роҳ мондани кори самарабахши Гуруҳи корӣ муҳокима сурат гирифт ва дар натиҷа Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2023 ҷиҳати мусоидат ба тасвиби ПФКЗШ ва ММП таҳия карда шуд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон узви Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа нест.

Дар вохӯрӣ намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президент, парлумон, Прокуратураи генералӣ, СРИҶҶ ВА, Суди Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ВКД, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Гуруҳи корӣ оид ба пешбурд ва тасвиби Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ҷазо бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2013 таъсис дода шуда буд, ки вазифаи асосии он омӯзиши масъалаи имконияти тасдиқи ПФ ба КЗШ маҳсуб меёбад. Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа санади байналмилалӣ ба шумор рафта, таъсиси механизми назорати доимии ҷойҳои маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Рабочая встреча по стандартам Факультативного Протокола Конвенции против пыток и его ратификации, а также по продвижению НПМ

Чорабинии мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавонмандсозии ҳуқуқу имкониятҳои мардум дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мешавад, гузаронида шуд.

NoTorture.Tj