Тренингҳо дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати боло бурдани иқтидори кормандони муассисаҳои руҳӣ

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади боло бурдани иқтидори кормандони муассисаҳои руҳӣ, кормандони тиббӣ оид ба масоили ҳуқуқи инсон дар системаи таъмини кумаки руҳӣ ва монитринги ҳуқуқи инсон ду тренинг (6-8 ва 9-11-уми июн) баргузор намуд.

Ҳадаф аз баргузории тренингҳо боло бурдани иқтидори кормандони тиббию техникӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои мизоҷони муассисаҳои руҳӣ мебошад. Иштирокдорони тренинг мавзуҳоеро аз қабили «Ноозологияи мизоҷи гирифтори ихтилоли равонӣ. Чӣ тавр кумаки аввалияи тиббиро ба мизоҷ бояд расонид?», «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони тиббию техникӣ», «Ҳуқуқи мизоҷон дар муассисаҳои руҳӣ», «Табобату нигоҳубини иҷборӣ», «Ҳуқуқи мизоҷ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона (шиканҷа чист, навъҳои шиканҷа, шикоят ва ҷавобгарии ҷиноятӣ)» баррасӣ намуданд.

Чорабиниҳои мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавонмандсозии ҳуқуқу имкониятҳои мардум дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мешавад, гузаронида шуданд.

NoTorture.Tj