Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади боло бурдани иқтидори кормандони муассисаҳои руҳӣ, кормандони тиббӣ оид ба масоили ҳуқуқи инсон дар системаи таъмини кумаки руҳӣ ва мониторинги ҳуқуқи инсон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар силсилаи тренингҳоро баргузор менамояд.
Тренингҳо бо мақсади боло бурдани иқтидори кормандони тиббию техникӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои мизоҷони муассисаҳои руҳӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамин тариқ, тренингҳо аз 31-уми май то 2-юми июн дар Душанбе ва 6-8-уми июн дар Хуҷанд гузаронида шуда, боз як давраи омӯзишӣ дар Хуҷанд аз 9 то 11-уми июн ва ҳамчунин 13-15-уми июн дар шаҳри Бохтар баргузор мешаванд.
Чорабиниҳои мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавонмандсозии ҳуқуқу имкониятҳои мардум дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мегардад, гузаронида мешаванд.