Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” рӯзи 1-уми август дар шаҳри Кӯлоб барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳисоби ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон дар мавзуи “Озодӣ аз шиканҷа” чорабинии иттилоотӣ гузаронида шуд.
Рӯзи 1-уми август дар меҳмонхонаи “Бадахшон”-и шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” дар мавзӯи “Озодӣ аз шиканҷа” чорабинии иттилоотӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ понздаҳ нафар адвокатҳо, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақил, телевизион, радио, блогерҳо ва медиа-фрилансерҳои минтақаи Кӯлоб иштирок карданд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадаф аз баргузории чорабинии иттилоотӣ амалисозии таҷрибаи ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон дар самти инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф аст.
Бо сухани ифтитоҳӣ ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Гулгуна Шозодаева баромад кард. Пас аз шиносоӣ бо иштирокчиён, ӯ дар бораи барномаи чорабинии иттилоотӣ ва аҳамияти инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои ҳамкории муассир бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо сухан гуфт.
Чорабинӣ аз қисми асосӣ иборат буд. Қисми аввал ба шиносоӣ бо мафҳуми «шиканҷа ва муносибати бераҳмона» мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ бахшида шуда буд. Ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба ҳайси маърӯзачӣ баромад кард.
Ӯ дар маърӯзаи худ оид ба заминаҳои ҳуқуқии татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон сухан гуфт.
«Тоҷикистон 21-уми июли соли 1994 ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф пайваст, ки 10-уми феврали соли 1995 эътибор пайдо кард. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, истифода аз шиканҷа нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон буда, ба ҳеҷ ваҷҳ сафед карда намешавад. Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақест, ки дар ягон шароит онро маҳдуд кардан мумкин нест”,- гуфт Гулгуна Шозодаева.
Маърӯзачӣ ҳамзамон оид ба меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ мухтасар маълумот дод. Ӯ ҳамчунин ба масоиле аз қабили нақши мақомоти давлатӣ, мавқеи ҷомеа ва васоити ахбори омма дар паҳнсозии иттилоот ва бандҳои асосии Нақшаи миллии амал барои татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 дахл кард.
Қисми дуввуми чорабинии иттилоотӣ ба кори журналистӣ бахшида шуда буд. Аз ҷумла, масъалаҳои инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ВАО ва зарурати фаъолияти муштараки хабарнигорону ҳимоятгарони ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин маврид рӯзноманигор Акмал Маннонов ба ҳайси маърузачӣ баромад кард.
Ба гуфтаи ӯ, инъикоси мушкилот ва нашри далелҳои мушаххас дар ВАО хеле муҳим аст. Ин пеш аз ҳама имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва масъулин аз мушкилот ва тамоюлҳои мавҷуда огоҳ карда шаванд. Инчунин, шахсони мансабдоре, ки ба шиканҷа машғуланд, огоҳ мешаванд, ки дар бораи амалҳои ғайриқонунии «шиканҷакунандаҳо» ҷомеа иттилоъ дорад.
Дар анҷом шарҳи матолиби журналистии шаклҳои мухталиф, ки дар ин мавзуъ нашр шудаанд, сурат гирифта, иштирокчиёни чорабинии иттилоотӣ имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъда бо ҳимоятгарони ҳуқуқро баррасӣ намуданд.