Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 12,4 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои кори Вазорати корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2022-юм дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 (2021 - 13878) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 396 ҷиноят кам аст.
Дар ин давра мақомоти корҳои дохилӣ 8 ҳазору 316 (2021 - 9253) ҷиноятро ошкор кардаанд. Аз ҷумла, куштор ва сӯиқасд ба куштор - 22 (2021 - 20), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 64 (2021 - 62), таҷовуз ба номус - 16 (2021 - 16), хариду фурӯши одамон - 8 (2021 - 62), ғоратгарӣ - 21 (2021 - 18), роҳзанӣ - 65 (2021 - 75), дуздӣ - 2858 (2021 - 3566), қаллобӣ - 1144 (2021 - 1481), авбошӣ - 544 (2021 - 510), тамаъҷӯӣ 20 (2021 - 25), ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва ҳамлу нақли воситаҳои нашъадор - 223 (2021 - 257) парванда ва ҷиноятҳои дигар.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин давра аз ҷониби воҳидҳои милитсия 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта ошкор ва дастгир карда шудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 аз ҷониби шуъбаҳои корҳои дохилии ҷумҳурӣ 1 тонна (2021 - 819 кг 199 г) маводи мухаддир, аз ҷумла героин - 54 кг 011 гр (2021 - 52 кг 306 г), афюн - 402 кг 652 г (2021 - 132 кг 616 г), ҳашиш 403 кг 335 г (2021 - 532 кг 085 г) ва 128 кг 383 г (2021 - 88 кг 836 г) каннабис аз муомилот боздошта шудааст.
Рамазон Раҳимзода ба масъалаи ҷинояткорӣ миёни наврасон низ таваҷҷуҳ кард. «Аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 1944 (2021 - 2818) ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 874 ҷиноят кам мебошад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 261 нафар бо гумони фаъолиятҳои террористӣ ва ҳамчунин 14 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки ҳудуди 100 нафарро ташкил медоданд, боздошт шуданд. Аз 3000 нафар шаҳрвандони таҳти ҷустуҷӯ қарордошта 44 нафар, аз ҷумла 41 нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд»,- гуфт ӯ.