Гумонбари ҷиноят дастгир шуд. Тафсилоти куштори Саодат Кулиева

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки гумонбари ҷинояти куштори шаҳрванд Саодат Кулиева дастгир шудааст.

Раёсат ёдовар шуд, ки санаи 28-уми сентябри соли ҷорӣ ҷасади шаҳрванд Кулиева Саодат Эргашевна, санаи таваллудаш 25.04.1954, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Ф. Ниёзии ноҳияи И. Сомонӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта шуд.

- Бо мақсади муайян ва дастгир намудани нафари гумонбар аз ҳисоби кормандони милитсия ва Прокуратураи ноҳияи И. Сомонӣ гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа, санаи 2-юми октябри соли ҷорӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудни ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрванд Кадзова Эмма Владимировна, санаи таваллудаш 03.02.1957, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Яккачинор дастгир карда шуд,- афзуд манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки санаи 28-уми сентябр ҳангоми дар манзили истиқоматии ҷабрдида қарор доштан, аз сабаби нофаҳмиҳои молиявӣ байни гуморбаршаванда - Кадзова Эмма ва марҳум - Кулиева Саодат муноқиша ба амал омадааст. Дар натиҷа гумонбаршаванда Кадзова Эма дар ҳолати қаҳру ғазаб бо корди ошхонагӣ 19 маротиба ба узвҳои бадани марҳум - Кулиева Саодат зарба зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонида, 39 ҳазор доллари амрикоии ҷабрдидаро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

- Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ аз гумонбаршаванда ҳамчун далели шайъӣ 39 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз ҷои ҳодиса олоти ҷиноят, як адад телефони мобилӣ ва корди ошхонагӣ ёфта гирифта шуд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Кадзова Эмма Владимировна тибқи талаботи моддаи 104, қисми 2, банди “е” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад,- илова мекунад манбаъ.

NoTorture.Tj