Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
31 марти соли 2022 ба Суди н. Исмоили Сомони нисбати ВКД ЧТ аризаи даъвоги оиди чуброни зарари маънави пешниход карда шуд. Хотиррасон менамоем, ки масъулони Вазорати корҳои дохилӣ шаби 10-уми апрел дар хабарномае гуфтаанд, Меҳриддин Гадозодаи 31 сола бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноӣ худро аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД-и шаҳри Ваҳдат ба поён партофт. Вале хонаводаи марҳум аз ин назари мақомот рози нестанд ва фикр доранд, ки писарашон на дар натиҷаи аз баланди афтидан балки зери таъсири азобу шиканҷа ба ҳалокат расидааст.
Аризаи даъвогӣ бо ҷуброни зарар дар ҳаҷми 500 000 сомонӣ аз ҷониби даъвогар бо он асоснок карда шуд, ки дар натиҷаи амал ва беамалии ҷинояткорона ва бераҳмонаю ғайриинсонии собиқ корманди ШВКД дар ш. Ваҳдат, ки шахси мансабдор ба ҳисоб мерафт, ки нисбати фарзанди ӯ раво дидааст ва боиси он гаштааст, ки писари ӯ ба таври нобаҳангоми ба марг расидааст. Ин кирдори собиқ корманди ШВКД сабаби он гаштааст, ки Гадозода Ф. падари марҳум Гадозода М. то ҳол ранҷу азоби рӯҳӣ кашида истодааст.
18 октябри соли чори аризаи даъвогӣ аз ҷониби суди И. Сомонии шаҳри Душанбе рад карда шуда, бо он асоснок карда шуд, ки гӯё нисбати собиқ корманди ШВКД ш. Ваҳдат Файзуллозода Хушбахт қонуни ҶТ “Дар бораи авф” татбиқ гардида номбурда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудааст.
Намояндаи чабрдида бо ин Халномаи суд рози набуда ният дорад, ки бад аз гирифтани Карори суд бо хачми пуррага ба зинаи болои шикоят пешниход менамояд.
Ҳуқуқ ва манфиатҳои Гадозода Файзуллоро Гурӯҳи Ёрии Ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зиддӣ шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндаги менамояд.