Намояндаи Додситонӣ гуфт, дар бораи шиканҷаи Пирмуҳаммадзода ва дигарон "шикоят нагирифтанд"

Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, то ин дам дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигорон ва сокинони боздоштшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шикоят нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки наздикони баъзе аз онҳо ба таври ошкор аз латукӯби боздоштшудаҳо хабар доданд.

Файзалӣ Давлатзода, корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз "аз журналистони боздоштшуда, аз ҷумла Абдусаттор Пирмуҳаммадзода" ҳеч шикояте дар бораи эҳтимоли шиканҷа ё бадрафторӣ нагирифтанд.

Давлатзода дар ҳошияи нишасти "Муқовимат ба шиканҷа: амалҳо ва дастовардҳо" дар Душанбе бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Вай афзуд, хабарҳоро дар бораи шиканҷа шудани Пирмуҳаммадзода аз матбуот хонд ва "дар ҳолати шикояти расмӣ қазия таҳқиқ мешавад".

Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар оғози моҳи октябр гуфта буданд, ки ӯ зери фишор ба гуноҳ иқрор карда, дар номае тавассути вакили мудофеъ ба Додситонии кул ва Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат дар ин бора шикоят кардааст.

Худаш дертар дар номае, ки тавасусти як манбаи наздик ба тафтишот ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар дувоздаҳ саҳифа чӣ гуна шиканҷа шуданашро нақл кардааст. "Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам,” – навиштааст ӯ.

Мақомот дар Тоҷикистон аксар вақт вуҷуди шиканҷаву бадрафториро нисбати боздоштшудаҳо ва гумонбарон рад мекунанд, чун ба қавли ҳуқуқшиносон, эътирофи шиканҷа ба маънои ба ҷавобгарии қонунӣ ҷалб кардани омилони он мебошад.

Нишасти 25-уми октябр дар Душанбе бо ташаббуси Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва Додситонии кулли Тоҷикистон ва бо пуштибонии САҲА ташкил шуд. Дар он намояндагони Додгоҳи олӣ, раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Омбудсмен иштирок доранд.

Ба иттилои Эътилофи зидди шиканҷа, дар ду соли гузашта дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ 40 шикоят гирифтаанд. Омори мақомот фарқ мекунад. Додситонии кул мегӯяд, аз шаш шикояти гуё шиканҷа шудани боздоштшудаҳо дар нӯҳ моҳи имсол “яке ҳам тасдиқи худро наёфт”.

 

Оzodi.org