"Мубориза бар зидди шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо": Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-тиббии вилояти Суғд

Директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ тиббии вилояти Суғд Фурқат Ғаниев таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронси "Мубориза бар зидди шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо", ки 25 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба корҳои анҷомдодашаванда дар самти экспертизаи тиббӣ ҷиҳати амалисозии тавсияхои Протоколи Истанбул ҷалб намуд.

"Ҳокимияти Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона як қатор тадбирҳои муҳимро андешидаанд. Ҳамин тариқ, дар моҳи ноябри соли 2014 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаҳои тиббиро, ки принсипҳои Протоколи Истамбулро инъикос мекунанд, барои истифода аз ҷониби кормандони тиббии вазорат ҳангоми гузаронидани муоинаи тиббии боздоштшудагон ва бақайдгирии аломатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тасдиқ намуд”, - изҳор кард Фурқат Ғаниев.

Ба гуфтаи ӯ, барои исбот намудани шиканҷа бояд як қатор корҳое анҷом дода шаванд ва ҷиҳати ҷой доштан ё надоштани шиканҷа хулоса баровард. "Ҳангоми муроҷиати аввал ба хадамоти экспертизаи судӣ ва тиббӣ мо ҳуқуқ надорем оиди он баҳо диҳем, ки ҷароҳати ҷисмонӣ дар натиҷаи шиканҷа гирифта шудааст ё на, мо табиб ҳастем, на ҳуқуқшинос. Мо иттилооти омориро оиди ҷароҳатҳои ҷисмонӣ сарфи назар аз сабабҳои ба вуҷуд омадани онҳо пеш мебарем. Мо чунин иттилооти оморӣ дорем - тақрибан 9-10 ҳазор муроҷиатҳо дар як сол", - қайд намуд мусоҳиб.

Тибқи суханони ӯ, бартараф кардани мушкилии шиканҷа ғайриимкон аст, агар дар бораи сабабҳои пайдоиши он ҳарф назанем - ва сабабҳои он аз заминаи нокофии далелҳо дар парванда, набудани имкониятҳои воқеии техникӣ барои ба даст овардани далелҳои алтернативӣ дар асоси дастовардҳои илм ва техника, дар баъзе ҳолатҳо бесалоҳиятии шахсоне, ки ба тафтиш ва экспертизаи судӣ алокаманданд, иборат мебошанд".   

Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Хазинаи Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.

Ҳадафи асосии конфронс аз муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон иборат буд.

Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятие, ки аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошанд ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

NoTorture.Tj