Ҳеҷ як давлати узв набояд ягон шахсро ба давлати дигар бадарға намояд, баргардонад ё супорад

1. Ҳеҷ як Давлати узв набояд ягон шахсро ба давлати дигар бадарға намояд, баргардонад (refouler) ё супорад, агар далелҳои ҷиддие вуҷуд дошта бошанд, ки дар он ҷо истифодаи шиканҷа ба ӯ таҳдид мекунад.

2. Барои муайян намудани чунин асосҳо мақомоти салоҳиятдор тамоми ҳолатҳои ба парванда марбутбударо ба инобат мегиранд, аз ҷумла дар ҳолатҳои дахлдор, дар давлат вуҷуд доштани таҷрибаи доимии поймолкунии дағалона, тоқатнопазир ва оммавии ҳуқуқи инсонро.

Моддаи 3-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NoTorture.Tj