Азобу уқубати ҷисмонӣ чист?

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 4). Зери мафҳуми «азобу уқубати ҷисмонӣ» (азият, дард) чунин азобу уқубате (азият, дард) фаҳмида мешавад, ки шахсро аз имконияти бо ирода мувофиқи хоҳиш, ният ва манфиати худ амал намудан маҳрум мекунанд ё ин ки ҷиддан аз чунин имкониятҳо маҳдуд месозанд.

Ба азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ нигоҳ доштани шахс дар ҷое, ки ҳаво ба сатҳи кифоя ворид намешавад, аз сабаби камрўшноӣ нури чашми шахси дар он ҷо дурудароз нигоҳдошта паст мегардад, дар якҷоягӣ нигоҳ доштани беморони вазнини сироятгузаранда бо солимон, шахсони баръало ғазаболуд бо дигарон, тибқи меъёрҳои муқарраргардида таъмин накардани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда дар камера бе ҷои хоби алоҳида ё майдони зист дар он ва ғайра дохил мешаванд.

Таҳти мафҳуми «таҳрик» таъсири як шахс ба шахси дигар бо роҳи багапдарорӣ, порадиҳӣ, таҳдид ё ба тарзи дигар, ки дар натиҷаи он шахси дуюм ихтиёран кирдореро содир менамояд, ки дар ҳолати дигар содир намекард, фаҳмида мешавад.

Мафҳуми шахси мансабдори дигар, ки дар моддаи 1431-и КҶ дарҷ шудааст на танҳо шахси мансабдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, балки шахсеро низ дар назар дорад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимиятро ба ҷо меоварад ё вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, инчунин дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қушунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад (банди 2-и эзоҳ ба моддаи 314 КҶ).

NoTorture.Tj